Бонки миллии Тоҷикистон ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тангаҳои хотиравиро ба фурӯш баровард
ДУШАНБЕ, 03.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тангаҳои хотиравии дорои тарҳи вижа ва мазмуни баланди миллӣ-ватандӯстиро ба фурӯш баровард, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон.
Тарҳи тангаҳои хотиравии ҷашнӣ дар баробари арзиши нумизматӣ инчунин ба таври рамзӣ роҳи тайкардаи ҷумҳуриро дар даврони соҳибистиқлолӣ таҷассум намуда, ба арзишҳои муҳимми давлатдорӣ ва ҳадафҳои рушди минбаъда ишора мекунанд. Дар рӯй (аверс)-и тангаҳо Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар зери он номинали танга ҷойгир шудааст. Дар давродаври танга навиштаҷоти «Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ сабт гардида, дар қисмати рости поёни доираи берунӣ иёри филиз Au 999 — тилло, Ag 925 — нуқра ва вазни танга нишон дода шудааст.
Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар тангаҳои хотиравии Бонки миллии Тоҷикистон бахшида ба санаҳои муҳимми таърихӣ пайваста истифода мешавад, таҷассумгари сулҳу субот, ваҳдат, пешрафт ва таҳкими истиқлол ва рамзи давлатдорӣ мебошад. Унсурҳои Нишони давлатӣ — тоҷу ҳафт ситора, шуои Офтоб, кӯҳҳои сарбаланд, китоб ва хӯшаҳои гандум — дар маҷмуъ мазмунҳои амиқи сиёсӣ ва иҷтимоӣ дошта, маърифат, меҳнат, фаровонӣ, ваҳдат ва ояндаи дурахшони Тоҷикистонро ифода мекунанд. Ҷойгир намудани Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тангаи хотиравӣ нишони эҳтиром ба арзишҳои конститутсионӣ, истиқлоли давлатӣ ва мақоми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
Тарҳи мазкур бозгӯи он аст, ки истиқлолият заминаи асосии рушди сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар буда, ҳифз ва таҳкими он вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванд ба ҳисоб меравад. Дар пас (реверс)-и танга рамзи ҷашни «35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷой дода шудааст. Рамзи мазкур шакли мудаввар дорад. Дар он бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ навиштаҷоти «Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва рақамҳои «1991–2026» ҷойгир карда шудааст. Ин санаҳо як давраи муҳимми таърихи давлатдории муосири Тоҷикистон, эълони Истиқлоли давлатӣ ва 35 соли рушду таҳкими давлатдории миллиро дар бар мегиранд.
Дар маркази рамз тасвири «Маҷмааи Истиқлол» ҷой гирифтааст, ки ифодагари эҳёи давлатдории миллӣ, истиқлол ва рушди бомаром мебошад. Яке аз вижагиҳои дигари тарҳи тангаҳои хотиравӣ инъикоси манзараҳои табиии Тоҷикистон — кӯҳҳо, пиряхҳо, об ва табиат мебошад. Ин унсурҳо аз захираҳои бойи табиии кишвар ва иқлими сабз шаҳодат дода, ҳамзамон ба ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба об ва ҳифзи пиряхҳо ишора менамоянд.
Дар тарҳ инчунин роҳ, нақб ва неругоҳ инъикос гардидаанд. Дар паҳлуи рости рамз рақами «35» бо истифода аз рангҳои Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дода шудааст, ки ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ишора мекунад. Тангаҳои хотиравиро метавон як навъ «саҳифаи таърихӣ дар филиз» номид. Дар тарҳи онҳо рамзҳои давлатдорӣ, табиат, фарҳанг, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва ҳадафҳои стратегии мамлакат дар як композитсия ҷамъ омадаанд. Бонки миллии Тоҷикистон бо сикказании тангаҳои хотиравӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди фарҳанги нумизматӣ ва ҳифзи хотираи таърихии мамлакат саҳм мегузорад. Ин иқдом намунаи истифодаи воситаи нумизматӣ барои муаррифии давлат, арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон мебошад.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон








Тоҷикистон бо қабули қонунҳои миллӣ барои давлатҳои Осиёи Марказӣ намуна мебошад
НАҚШИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲОКИМИЯТИ СУДӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Кормандони соҳаи фарҳанг бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон дар машварати байналмилалӣ дар Чин иштирок намуд
Кормандони соҳаи алоқа бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Беш аз 75 фоизи иқтидори умумии энергетикии Тоҷикистон дар ҳудуди вилояти Хатлон ҷойгир мебошад
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ баргузор шуд
Дар Вазорати корҳои хориҷӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Кормандони соҳаи телевизион ва радио бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кормандони соҳаҳои гуногун бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ шуданд
Се китоби рӯзномаи «Ҷумҳурият»: «Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи тамаддуни ориёӣ», «Бозгашти қаҳрамон» ва «Бозгашти қаҳрамон 2» муаррифӣ гардид






