Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши бошукуҳ доир шуд

Сентябрь 8, 2026 15:00

ДУШАНБЕ, 08.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз агентӣ.

Директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Абдураҳмон Ҳалимзод иброз дошт, ки истиқлол мафҳуми арзишманд ва калидие мебошад, ки ноил гардидан ба он шарафи бузург барои ҳар миллат аст. Ноил гардидан ба истиқлоли давлатӣ, яъне озодии иродаи миллӣ, шаъну шараф, қудратмандӣ, рамзи қудрату тавоноӣ ва дар маҷмуъ рукни муҳимтарини давлатдории миллӣ ва ҳастии тоҷикон дар шароити мураккаби минтақа ва ҷаҳон буд. Соҳибистиқлолӣ барои таҳкими давлатдорӣ, таъмини суботи ҷомеа ва рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ заминаи мусоид фароҳам овард. Истиқлоли давлатӣ ҳамчун дастоварди бузурги таърихӣ дар пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа нақши муҳим гузошт.

Таъкид шуд, ки дар ин давра низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ такмил ёфта, заминаҳои ҳуқуқию ташкилии таъминоти иҷтимоӣ ва нафақавӣ таҳким ёфтанд. Хизматрасониҳои суғуртавию нафақавӣ низ мутобиқ ба талаботи замон рушд карда, ба сатҳи сифатан нав баромаданд.

Дар ҳамоиш нақши Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, барқарории сулҳу субот ва рушди иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ махсус таъкид шуд. Иброз гардид, ки сиёсати созанда ва дурбинонаи роҳбарияти давлат барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва рушди низоми ҳифзи иҷтимоӣ замина гузошт. Истиқлолу озодӣ ҳамчун неъмати бебаҳои таърихӣ бо талошу заҳматҳои шабонарӯзии фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва халқи шарафманди тоҷик ба даст омад. Аз ин рӯ, ҳар яки мо бояд бо ҳисси баланди ватандӯстӣ бояд ба қадри ин неъмати бебаҳо бирасем ва Ватани аҷдодии худро ҳифз намоем.

Гуфта шуд, ки танҳо дар шароити суботи сиёсӣ, амнияти миллӣ ва рушди иқтисодии мамлакат мардуми шарафманди Тоҷикистон дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ба ҳадафҳои болотару зиндагии шоистатар сарфароз хоҳанд гашт. Истиқлолият бақои давлату миллат ва омили озодиву саодати мардум, рамзи ягонагиву шукуфоии миллат дар марҳилаи нави таърихӣ буда, омили асосии ба наслҳои оянда боқӣ гузоштани сарзамини ободу ягона мебошад. Умед дорем, ки нур ва парчами Истиқлоли давлатӣ ҷовидона тобандаву поянда бимонад.

Ҳифзи дастовардҳои истиқлол ва саҳмгузорӣ дар рушди минбаъдаи ҷумҳурӣ масъулияти ҳар шаҳрванди соҳибватан мебошад.

Дар чорабинӣ як зумра кормандони фаъол бо нишони сарисинагии «Аълочии соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Ҷумҳурии Тоҷикистон», Сипоснома ва Ифтихорномаи агентӣ сарфароз гардонида шуданд.

АКС: Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 8, 2026 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Гурҷистон дар такмили низоми нафақа густариш меёбад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии шаҳри Хуҷанд ба мавсими сармо ҳамаҷониба омода мешаванд
Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбонро тасдиқ кард
Забони тоҷикӣ дар фазои рақамӣ: аз пайкараи матнӣ то истилоҳоти ягона
Дар Душанбе симпозиум доир ба соҳаи онкология оғоз гардид
Барои маблағгузории нафақа беш аз 4 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Форуми байналмилалии ҷавонони СҲШ оид ба ҳамкорӣ барои ояндаи устувор доир шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КОҲИШИ ХАТАРИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Дар Тоҷикистон барои пешгирии хатари офатҳо беш аз 60 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст
Конференсияи илмӣ оид ба саҳми экспедитсияи бостоншиносӣ дар омӯзиши Панҷакенти қадим баргузор мегардад