Дар ҷашни 35-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон дар Ҳисор муовини Сарвазири мамлакат ва меҳмонон аз Узбекистон иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 08.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор бо намоиши дастовардҳои соҳаҳои гуногуни иқтисодии шаҳр ва бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, меҳмонон — намояндагони ноҳияи Деҳнави вилояти Сурхандарёи Ҷумҳурии Узбекистон ва сокинони шаҳр таҷлил гардид.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад, ки меҳмонон гӯшаҳои намоишгоҳро, ки дар он комёбиҳои назарраси сокинони шаҳри Ҳисор дар соҳаҳои гуногун ба маъраз гузошта шуда буданд, тамошо намуданд.
Меҳмонон бо дастовардҳои сокинони шаҳр дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, ҳунарҳои мардумӣ, маориф, фарҳанг ва дигар самтҳо шинос шуда, ба меҳнати созандаи сокинон баҳои баланд доданд. Пас аз боздиди намоишгоҳ меҳмонон дар варзишгоҳ дар чорабинии бошукуҳи идона бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Дар барнома аҳли фарҳанг, ҳунармандон ва сокинони шаҳри Ҳисор барномаи ҷолиби театрикунонидаи ҳунариро пешкаши меҳмонон ва сокинон гардониданд.
Тантанаҳои ҷашнӣ дар шаҳри Ҳисор бо барномаҳои рангини фарҳангӣ, намоиши дастовардҳо ва чорабиниҳои гуногун дар шаҳраку ҷамоатҳои деҳот идома доранд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор










Конференсияи илмӣ оид ба саҳми экспедитсияи бостоншиносӣ дар омӯзиши Панҷакенти қадим баргузор мегардад
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
Рӯзи дарҳои кушоди Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Камҳаракатӣ барои пайдоиши бемориҳои гуногун замина фароҳам меорад
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Шахсони дорои масунияти заиф бештар ба зуком гирифтор мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. 100 хоҷагии деҳаи Зарнисор-1-и ноҳияи Рӯдакӣ бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Шаҳри Душанбе соҳиби Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Бонувони муваффақи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон» гардид






