Дар Берлин 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд

Сентябрь 12, 2026 09:25

ДУШАНБЕ, 12.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Берлин 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бошукуҳ таҷлил намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон хабар доданд.

Дар чорабинии идона намояндагони мақомоти давлатии Олмон, вакилони Бундестаг, аъзои корпуси дипломатии муқими Берлин, доираҳои иқтисодию фарҳангӣ, намояндагони расонаҳо ва ҳамватанони муқими Олмон иштирок намуданд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон Имомудин Сатторов оид ба роҳи тайкардаи мамлакат дар 35 соли соҳибистиқлолӣ, таҳкими давлатдорӣ, таъмини сулҳу субот ва дастовардҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан гуфт. Ҳамзамон ба рушди муносибатҳои Тоҷикистону Олмон давоми беш аз се даҳсола, саҳми ҳамкории рушд ва муколамаи сиёсӣ дар таҳкими робитаҳои дуҷониба, инчунин дурнамои густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисоду сармоягузорӣ, энергетика, муҳити зист, илму маориф ва робитаҳои байни мардумон таваҷҷуҳ зоҳир гардид.

Вазири давлатии Вазорати федералии корҳои хориҷии Олмон Гунтер Крихбаум мардуми Тоҷикистонро ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ табрик гуфт ва ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои Тоҷикистону Олмон ва густариши ҳамкории дуҷониба таманниёти нек баён намуд.

Барномаи тантанавии чорабинӣ бо иҷрои сурудҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон аз ҷониби пианинонавози Балети давлатии Берлин Нодира Бурҳонова оғоз ёфт.

Дар доираи чорабинӣ ҳамчунин намоишгоҳи фарҳангӣ баргузор гардида, тавассути намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ, китобҳо ва аксҳо таъриху фарҳанги ғанӣ, табиати нотакрор ва дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол ба меҳмонон муаррифӣ карда шуданд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон

Сентябрь 12, 2026 09:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст