Дар Боку бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд

Сентябрь 7, 2026 08:29

ДУШАНБЕ, 07.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 4 сентябр дар шаҳри Боку бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон хабар доданд, дар чорабинии расмӣ намояндагони мақомоти давлатии Ҷумҳурии Озарбойҷон, роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ, намояндагони доираҳои сиёсӣ, соҳибкорӣ, илмӣ ва фарҳангии Озарбойҷон, вакилони Парлумон, воситаҳои ахбори омма, инчунин ҳамватанони муқими Озарбойҷон иштирок намуданд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Абдураҳмон оид ба муҳимтарин дастовардҳои кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ дар самтҳои сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ сухан гуфт.

Сафир инчунин саҳми бузурги Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкими давлатдории муосири тоҷик, таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ ва рушди мунтазами кишвар махсус таъкид намуд.

Вазири рушди рақамӣ ва нақлиёти Ҷумҳурии Озарбойҷон Рашад Набиев сатҳи ҳамкории дуҷониба байни Тоҷикистон ва Озарбойҷонро баланд арзёбӣ намуда, аз таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии стратегӣ байни ду давлат изҳори умед кард.

Дар чорабинии тантанавӣ бо иштироки сарояндагони боистеъдод ба меҳмонон барномаи бошукуҳи  консертӣ иборат аз суруду рақсҳои миллии тоҷикӣ пешкаш гардид.

Ҳамзамон дар доираи чорабинӣ намоиши ҳунарҳои миллӣ ташкил гардид. Дар он намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла либосҳои миллӣ, сӯзаниву попурӣ, гулдӯзии «чакан» ва асарҳои ҳунармандони тоҷик ба маърази тамошо гузошта шуда, барои меҳмонон дастархони тоҷикона бо таомҳои миллӣ ва меваҳои ватанӣ ороста шуд.

 

 

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон

Сентябрь 7, 2026 08:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд