Дар доираи татбиқи лоиҳаи озмоишӣ платформаи рақамӣ таҳия мегардад

Сентябрь 1, 2026 11:15

ДУШАНБЕ, 01.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи татбиқи лоиҳаи озмоишӣ дар самти андозбандии соҳибкорони инфиродӣ, ки Бонки миллии Тоҷикистон оператори низоми автоматикунонидаи лоиҳавӣ мебошад, платформаи рақамии дахлдор таҳия мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар робита ба раванди татбиқи лоиҳаи озмоишӣ дар самти андозбандии соҳибкорони инфиродӣ Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо оператори техникии низом — Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин мақомоти андоз ва ташкилоти қарзии молиявӣ корҳои зарурии ташкилӣ ва техникӣ, аз ҷумла ҳамгироии иттилоотиро марҳила ба марҳила амалӣ менамояд.

Ҳадафи асосии лоиҳа фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти соҳибкорони инфиродӣ, содагардонии расмиёти андозбандӣ, коҳиш додани сарбории маъмурӣ, баланд бардоштани сатҳи рақамикунонӣ ва таъмини шаффофияти ҳисоббаробаркуниҳо мебошад.

Бо мақсади таъмини фаъолияти устувор, бехатар ва боэътимоди низом лоиҳа марҳила ба марҳила татбиқ мегардад. Аз моҳи сентябри соли равон платформа ба муҳлати се моҳ дар муҳити техникии озмоишӣ мавриди истифода қарор дода мешавад.

Марҳилаи мазкур хусусияти озмоишӣ ва техникӣ дошта, барои санҷиши ҳамаҷонибаи фаъолияти низом, дурустии коркард ва мубодилаи маълумот, арзёбии устувории ҳамгироӣ бо низомҳои дахлдор ва таъмини омодагии техникии он то оғози татбиқи пурраи лоиҳа пешбинӣ шудааст.

Пас аз анҷоми марҳилаи озмоишӣ натиҷаи фаъолияти низом ҳамаҷониба арзёбӣ гардида, бо назардошти натиҷаҳои санҷиш ва сатҳи омодагии техникии ҳама иштирокчиён гузариш ба татбиқи пурраи лоиҳа тибқи тартиби муқарраргардида амалӣ карда мешавад.

Бонки миллии Тоҷикистон оид ба марҳилаҳои минбаъдаи татбиқи лоиҳа, муҳлатҳои роҳандозӣ ва тартиби истифодаи низом маълумоти расмӣ нашр менамояд. Барои дастрас намудани маълумоти дақиқ ва саҳеҳ ба шаҳрвандон, соҳибкорони инфиродӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор тавсия дода мешавад, ки аз маълумоти манбаъҳои расмӣ истифода намоянд.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Сентябрь 1, 2026 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1030 то 0.1144 сомонӣ муқаррар шудааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад