Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
КӮЛОБ, 07.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ ва конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди зеҳни сунъӣ: таҳаввулоти илмӣ, технологӣ ва дурнамои рушди устувор» баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз донишгоҳ хабар доданд, иштирокчиёни ҳамоиш аз намоишгоҳи асарҳо ва дастовардҳои илмӣ, эҷодӣ ва инноватсионии устодону донишҷӯён боздид намуданд. Дар намоишгоҳ маҳсули фаъолияти илмӣ ва эҷодии аҳли донишгоҳ муаррифӣ гардида, рушди иқтидори зеҳнӣ, эҷодӣ ва навоваронаи муассиса инъикос ёфт.
Дар толори фарҳанги донишгоҳ иштирокчиён филми ҳуҷҷатии «Шукӯҳи истиқлол»-ро тамошо намуданд, ки дар он дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва давлатдории миллӣ бозтоб гардидааст.
Ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Мунир Сафарзода зимни суханронӣ таъкид намуд, ки истиқлолият барои мардуми тоҷик на танҳо рамзи соҳибдавлатӣ, балки заминаи асосии таҳкими ҳувияти миллӣ, рушди устувори ҷомеа ва фароҳам овардани имкониятҳои созанда барои наслҳои имрӯз ва фардо мебошад.
Иброз гардид, ки маҳз дар заминаи сиёсати созанда ва дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвар марҳалаҳои ҳассоси таърихиро бо сарбаландӣ паси сар намуда, ба сӯи сулҳу суботи пойдор, рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва таҳкими ҷойгоҳи худ дар арсаи байналмилалӣ қадамҳои устувор гузошт.
Дар идомаи чорабинӣ гуфта шуд, ки дастовардҳои Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамчун ҷузъи муҳими дастовардҳои соҳаи маориф ва илми кишвар арзёбӣ гардида, фаъолияти муассиса дар самтҳои илм, маориф, инноватсия ва омодасозии кадрҳои баландихтисос пайваста тақвият меёбад.
Дар қисми илмӣ-назариявии ҳамоиш масъалаҳои муҳими истиқлолияти давлатӣ, рушди зеҳни сунъӣ, таҳаввулоти илмӣ ва технологӣ, рақамикунонии соҳаи маориф, рушди технологияҳои муосири педагогӣ, густариши ҳамкории байналмилалӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва омӯзиши сабақҳои таърихии даврони истиқлол мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Иштирокчиёни конференсия дар маърӯзаҳои худ масъалаҳои марбут ба нақши истиқлолияти давлатӣ дар рушди иқтидори илмии миллӣ, имкониятҳои зеҳни сунъӣ дар пешрафти соҳаҳои гуногун ва зарурати истифодаи технологияҳои рақамиро дар низоми таҳсилоти олӣ таҳлил намуданд.
Ҳамзамон, дар маърӯзаҳо ба аҳамияти омӯзиши сабақҳои таърихӣ, таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҷавонон таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.
Тазаккур дода шуд, ки рушди зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ бояд ба таҳкими иқтидори илмии кишвар, такмили низоми маориф, рушди навоварӣ ва татбиқи ҳадафҳои созандаи Тоҷикистон равона гардад. Дар ин замина, нақши муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир муҳим арзёбӣ шуд.
Конференсия бо маросими тантанавии қадршиносии устодону кормандон ва собиқадорони донишгоҳ идома ёфт. Барои хизматҳои содиқона дар соҳаи маориф, саҳми арзанда дар таълиму тарбияи насли ҷавон, фаъолияти самаранок ва иштироки фаъол дар ҳаёти ҷамъиятии донишгоҳ ба як қатор омӯзгорону кормандон Сипосномаҳои раёсати донишгоҳ ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.
АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ








Дар Суғд ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо иштироки беш аз 8 ҳазор нафар гузашти низомӣ доир гардид
Дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ду иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
Маҳкам Маҳмудзода: «Истиқлоли давлатӣ дастоварди волотарини давлати тоҷикон маҳсуб мешавад»
Дар вилояти Хатлон бо иштироки беш аз 50 ҳазор нафар роҳпаймоии идона доир шуд
Дар Паради ҳарбӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ беш аз 27 ҳазор нафар иштирок намуданд
Дар Бадахшон бахшида ба 35–солагии Истиқлоли давлатӣ гузашти низомӣ ва роҳпаймоии оммавӣ доир гардид
Дар вазорату кумита ва муассисаҳои илмии Тоҷикистон 35–солагии Истиқлоли давлатӣ ботантана таҷлил карда шуд
Баҳодур Шерализода: «35 соли Истиқлоли давлатӣ барои рушди соҳаи ҳифзи муҳити зист заминаи мусоид гузошт»
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Вестминстер Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Филми «Пешво аз қалби мардум» дар байни тамошобинон маҳбубияти зиёд пайдо намуд
НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ЭҲЁИ ДАВЛАТСОЗИИ МИЛЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид






