Дар Душанбе ҷаласаҳои муштараки соҳаи алоқаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегарданд

Сентябрь 18, 2026 09:33

ДУШАНБЕ, 18.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 29–30 сентябр дар шаҳри Душанбе ҷаласаҳои муштараки Шурои сарони маъмурияти алоқаи Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа, Шурои ҳамоҳангсозии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба иттилоотонӣ ва Форуми минтақавии Иттиҳоди байналмилалии алоқаи барқӣ оид ба рушд барои минтақаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир мегарданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар кори ҷаласаҳо иштироки роҳбарони мақомоти давлатии соҳаи алоқаи давлатҳои аъзои Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа, намояндагони воломақоми мамлакатҳои аъзои Иттиҳоди байналмилалии алоқаи барқӣ ва директори Бюрои рушди алоқаи барқии Иттиҳоди байналмилалии алоқаи барқӣ дар назар дошта шудааст.

Зимни ҷаласаҳо масъалаҳои стратегии рушди зерсохтори муосири телекоммуникатсионӣ, суръатбахшии рақамикунонӣ, татбиқи технологияҳои инноватсионӣ, таҳкими амнияти киберӣ ва устувории шабакаҳои алоқа мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Инчунин иштирокчиён самтҳои афзалиятноки ҳамкории минтақавӣ ва таҷрибаи кишварҳоро дар рушди ҷомеаи рақамӣ мубодила менамоянд.

Ин ҷаласаҳо марҳилаи муҳими омодагӣ ба Конфронси ваколатдорони Иттиҳоди байналмилалии алоқа мебошанд, ки моҳи ноябри соли  2026 баргузор мешаванд. Ин чорабинии сатҳи байналмилалӣ яке аз муҳимтарин нишастҳои минтақавӣ дар самти рушди алоқа, технологияҳои рақамӣ ва ҳамкории байнидавлатӣ ба ҳисоб меравад.

АКС: Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 18, 2026 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст