Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад

Сентябрь 22, 2026 10:50

ДУШАНБЕ, 22.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Кумитаи тадорукот оид ба омодагӣ ва дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани Форуми байналмилалии Душанбе таҳти унвони «Ҳамгироии шаҳрҳо дар татбиқи имконоти сайёҳии устувор» ва «Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026» (Dushanbe International Tourism Exhibition — DITE-2026) баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.

Зимни ҷаласа масъалаҳо оид ба омодагӣ, ташкили ҳамоҳангшуда ва таъмини баргузории чорабиниҳои мазкур дар сатҳи баланди ташкилӣ ва муҳтавоию касбӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Таъкид гардид, ки DITE-2026 ва Форуми байналмилалии Душанбе аз  24 то 26 сентябри соли 2026 дар шаҳри Душанбе баргузор ва ба рушди минбаъдаи соҳаи сайёҳӣ, муаррифии имконоти сайёҳии Тоҷикистон, густариши ҳамкории байналмилалӣ, ҷалби сармоягузории мустақими хориҷӣ, омӯзиш ва табодули таҷрибаи пешқадам, дарёфти шарикони нав ва таҳкими робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ дар соҳаи сайёҳӣ равона карда мешаванд. Чорабиниҳо дар арафаи Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ баргузор мешаванд.

Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе, раиси Кумитаи тадорукот Бахтиёр Шарифӣ иброз намуд, ки чунин чорабиниҳои байналмилалӣ барои муаррифии зарфияти сайёҳии мамлакат, бахусус имконоти шаҳри Душанбе дар самтҳои сайёҳии фарҳангию таърихӣ, экологӣ, кӯҳӣ, табобатию солимгардонӣ ва дигар навъҳои сайёҳӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд.

Дар ҷаласа ҳамзамон масъалаи иштироки васеи ширкатҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, ширкатҳои ҳавопаймоӣ, муассисаҳои фарҳангӣ, ширкатҳои хизматрасонӣ, сармоягузорон, намояндагони бародаршаҳрҳо ва шарикони Душанбе, созмонҳои байналмилалӣ, доираҳои илмӣ ва соҳибкорӣ баррасӣ гардид.

Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 115 ширкат, аз ҷумла 22 ширкати хориҷӣ иштирок мекунад. Масъулин иттилоъ доданд, ки дар доираи DITE-2026 барои намояндагони соҳаи сайёҳӣ имконоти васеи муаррифии маҳсулоту хизматрасониҳои сайёҳӣ, барқарор намудани робитаҳои нави корӣ ва бастани созишномаҳои ҳамкорӣ фароҳам оварда мешаванд.

Дар баробари ин, баргузории вохӯриҳои соҳибкорон дар шакли B2B, вохӯриҳои корӣ, муаррифии самтҳои нави сайёҳӣ ва имконияти сармоягузорӣ пешбинӣ гардидааст. Тибқи барнома, инчунин баргузории ҷаласаҳои бахшӣ, муколамаҳои байналмилалӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ ва сайёҳӣ пешбинӣ шудааст.

Яке аз самтҳои муҳими чорабиниҳо баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ дар соҳаи сайёҳӣ мебошад. Дар ин замина баргузории дарсҳои маҳорат оид ба беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ дар меҳмонхонаҳо ва тарабхонаҳо, такмили маҳорати касбии роҳбаладон ва таҳияи хатсайрҳои нави сайёҳӣ пешбинӣ шудааст.

Зимни ҷаласа таъкид шуд, ки баргузории Форуми байналмилалии Душанбе таҳти унвони «Ҳамгироии шаҳрҳо дар татбиқи имконоти сайёҳии устувор» барои таҳкими ҳамкории байнишаҳрӣ дар соҳаи сайёҳӣ заминаи мусоид фароҳам меорад. Дар форум иштироки намояндагони бахши сайёҳии шаҳрҳои бародар ва шарики Душанбе, вазорату идораҳои соҳавии кишварҳои минтақа, корпуси дипломатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, доираҳои илмӣ, сармоягузорон, ширкатҳои сайёҳӣ ва дигар субъектҳои хизматрасонии соҳа пешбинӣ шудааст.

Дар форум масъалаҳои рушди сайёҳии устувор, густариши ҳамкории байналмилалӣ, рушди шарикии байни шаҳрҳо, ҷалби сармоягузорӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва истифодаи имконияти нав дар рушди соҳаи сайёҳӣ баррасӣ хоҳад шуд.

Дар ҷамъбасти ҷаласа ба масъулини вазорату идораҳо ва сохторҳои дахлдор барои тақвияти корҳои омодагӣ, иҷрои босифату саривақтии нақшаи чорабиниҳо, ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми сохторҳои масъул ва таъмини баргузории чорабиниҳо дар сатҳи баланди ташкилӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.

Таъкид гардид, ки ҳама сохторҳои масъул бояд то оғози чорабиниҳо пурра омода шуда, барои дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани Форуми байналмилалии Душанбе ва Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Ёдовар мешавем, ки Форуми байналмилалии Душанбе таҳти унвони «Ҳамгироии шаҳрҳо дар татбиқи имконоти сайёҳии устувор» нахустин маротиба 25 сентябри соли 2024 бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор шуда буд. Аз рӯйи натиҷаҳои он байни ширкатҳои иштирокдор созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд.

АКС: Раёсати рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

Сентябрь 22, 2026 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Дар роҳҳои шаҳри Душанбе чароғакҳои «ҳушманд» насб гардиданд