Дар Душанбе масъалаҳои идоракунии муосири таваккал дар фаъолияти гумрукӣ баррасӣ шуданд

Сентябрь 25, 2026 13:47

ДУШАНБЕ, 25.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. «Идоракунии муосири таваккал дар фаъолияти гумрукӣ: таҷрибаи ба маълумот асосёфта — аз марҳилаи пеш аз воридшавӣ то назорати баъди барасмиятдарории гумрукӣ»-таҳти чунин унвон дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид, ки дар он мутахассисон ва тренерҳо аз мақомоти гумруки Ҷумҳурии Туркия ва Узбекистон иштирок намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Зимни ҳамоиш иброз гардид, ки дар шароити рушди босуръати технологияҳои рақамӣ ва афзоиши ҳаҷми гардиши иттилоот рушди низоми муосири идоракунии таваккал яке аз самтҳои муҳими баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти гумрук мебошад. Дар ин замина, истифодаи самараноки маълумот, технологияҳои рақамӣ ва усулҳои таҳлилӣ имкон медиҳад, ки назорати гумрукӣ ҳадафмандона ба самти объектҳои дорои сатҳи баланди таваккал равона гардида, ҳамзамон ба анҷоми босуръат ва шаффофи расмиёти савдои қонунӣ мусоидат намояд.

Иштирокдорони ҳамоиш масъалаҳои асосии идоракунии таваккалро дар тамоми марҳилаҳои фаъолияти гумрукӣ баррасӣ намуданд.

Аз ҷумла, масъалаҳои истифода ва сифати маълумоти пешакӣ, маълумоти пешакӣ дар бораи мусофирон, ҳамгироии маълумоти мақомоти гуногуни давлатӣ, истифодаи иттилооти фаврӣ барои таҳияи профилҳои таваккал ва муайян намудани камбудиҳои мавҷудаи низоми идоракунии таваккал мавриди омӯзиш қарор гирифтанд.

Ҳамчунин истифодаи зеҳни сунъӣ ва омӯзиши мошинӣ (AI/ML) барои баҳодиҳии таваккал, гузариш аз профилҳои анъанавии таваккал ба баҳодиҳии динамикӣ ва истифодаи таҳлили маълумоти калон барои баланд бардоштани дақиқии интихоби объектҳои назорати гумрукӣ баррасӣ гардиданд.

Инчунин ба масъалаҳои аудити баъди барасмиятдарории гумрукӣ дар асоси таваккал низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Иштирокдорон тартиби интихоби субъектҳо барои аудит, таҳлили натиҷаҳои санҷишҳо ва истифодаи маълумоти бадастомада барои такмил ва навсозии профилҳои таваккалро омӯхтанд.

Гуфта шуд, ки табодули таҷриба ва омӯзиши усулҳои муосири байналмилалӣ дар самти идоракунии таваккал барои таҳкими иқтидори касбии кормандони мақомоти гумрук ва такмили минбаъдаи низоми назорати гумрукӣ аҳаммияти муҳим дорад.

Баргузории ҳамоиш барои таҳкими ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон бо шарикони байналмилалӣ ва истифодаи таҷрибаи пешқадам дар самти ташаккули низоми ҳамгиро ва ба маълумот асосёфтаи идоракунии таваккал замина фароҳам овард.

АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 25, 2026 13:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд