Дар Душанбе «Стратегияи ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» баррасӣ шуд

Сентябрь 18, 2026 17:00

ДУШАНБЕ, 18.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба шарҳи дусолаи татбиқи Нақшаи амали солҳои 2024–2026-и   «Стратегияи ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

«Стратегияи ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» 12 самти стратегии рушди системаи тандурустии мамлакатроро муайян мекунад. Нақшаи амали солҳои 2024–2026 ҳуҷҷати асосии амалиётии татбиқи он мебошад, ки аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии шарикони рушд таҳия шудааст.

Зимни ҷаласа гурӯҳи таҳлилии соҳаи тандурустии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гурӯҳи кории байниидоравӣ шарҳи дусолаи раванди татбиқи Нақшаи амали солҳои 2024–2026-и «Стратегияи ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030»-ро пешниҳод намуд.

Гуфта шуд, ки шарҳи мазкур давраи ҳисоботии аз январи соли 2024 то декабри соли 2025 фаро гирифта, дар асоси «Чаҳорчӯбаи мониторинг»-и аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшуда — «Абзори ҷамъоварии маълумот» ва Ҳисоботи якуми миёнамуҳлат, ки қаблан ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шудааст, таҳия гардидааст.

Нақшаи амали солҳои 2024–2026 ҳамчун воситаи асосии амалиётии татбиқи 12 самти стратегии ин стратегия хизмат намуда, онҳоро ба тадбирҳои мушаххас аз рӯи чор самти афзалиятноки беҳтар кардани дастрасӣ, сифат ва вокуниши хизматрасониҳои ёрии аввалияи тиббию санитарӣ, маблағгузории устувор, системаи ҳамгирошудаи идоракунии тандурустӣ ва тандурустии рақамӣ, инчунин рушди устувори захираҳои кадрии соҳаи тандурустии ба ҳам алоқаманд табдил медиҳад.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 18, 2026 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд