Дар Ҳисор маркази забономӯзӣ, муассисаҳои таълимӣ ва нуқтаҳои тиббию дандонпизишкӣ ба истифода дода шуданд
ҲИСОР, 10.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоатҳои деҳоти Мирзо Турсунзода, Алмосӣ ва Сомони шаҳри Ҳисор Маркази забономӯзӣ, нуқтаҳои тиббӣ, дандонпизишкӣ, маҳсдармонӣ, бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №115, бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №117 ва бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №136 мавриди истифода қарор дода шуданд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ доданд.
Иншооти нав бо шароити муосир барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ, хизматрасонии тиббӣ ва таълиму тарбияи насли наврас пешбинӣ гардида, барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи забондонии сокинон, бахусус ҷавонону наврасон, солимии ҷомеа ва таълиму тарбияи ҷавонон имконияти мусоид фароҳам меорад.
Муассисаҳои таълимии деҳаи Ҳафттахтаи Ҷамоати деҳоти Алмосӣ, деҳаи Шоҳамбарии Ҷамоати деҳоти Сомон ва муассисаи таълимии деҳаи Чаманистони ин ҷамоат барои 480-нафарӣ дар ду баст бунёд гардидаанд. Ба ин восита мушкилоти норасоии ҷойи нишаст дар деҳаҳои мазкур пурра бартараф карда шуд.
Иброз гардид, ки бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтани ин иншоот ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ барои беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум ва рушди инфрасохтори маҳаллӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншоот дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 13 иншоот дар шаҳри Конибодомро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ «Сирдарё»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар вилояти Суғд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво ва парандаи ҶДММ «Базаи таъминот»-и ширкати Барсро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд






