Дар Лондон масъалаҳо оид ба соҳаи энергетикаи Тоҷикистон баррасӣ гардиданд

Сентябрь 18, 2026 11:35

ДУШАНБЕ, 18.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 16 сентябр дар шаҳри Лондони Британияи Кабир мулоқоти Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода бо Директори бахши инфрасохтори устувори минтақаи АвруОсиёи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Екатерина Мирошник баргузор шуд, ки дар он ҷонибҳо самтҳои афзалиятноки ҳамкории ояндаро мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати молия хабар медиҳад.

Дар мулоқот ҷонибҳо, аз ҷумла ба соҳаи энергетика бо назардошти нақши калидии Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар таъмини амнияти энергетикӣ ва рушди саноат, инчунин масъалаҳои интиқоли барқ, навсозии шабакаҳо ва коҳиш додани талафоти он таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд. Илова бар ин, оид ба рушди соҳаи нақлиёт ва пайвастагии минтақавӣ, инфрасохтори обёрӣ, рақамикунонӣ ва ғайра табодули назар карда шуд.

16 сентябр Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода бо Ноиби Президент — сардори хадамоти хавфи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд хонум Фатомата Буаре низ вохӯрӣ намуд. Мусоҳибон масъалаҳои идоракунии хавфҳо дар доираи ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, аз ҷумла таъмини асоснокии молиявии лоиҳаҳо, омодасозӣ ва татбиқи босифати онҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Инчунин роҷеъ ба таҷрибаи иҷрои уҳдадориҳо вобаста ба лоиҳаҳои сатҳи маҳаллӣ ва тадбирҳои андешида, аз ҷумла тақвияти банақшагирии буҷет, ҳамоҳангсозӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллӣ ва мониторинги уҳдадориҳои молиявӣ мубодилаи афкор анҷом дода шуд.

Ҳамзамон дар ин рӯз дар шаҳри Лондон бо иштироки намояндагони бонкҳо ва ширкатҳои бонуфузи сармоягузории байналмилалӣ дар мавзуи «Имконияти бозорҳои рушдёбанда ва канорӣ» мизи мудаввар доир гардид, ки дар кори он Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода иштирок намуд.

Файзиддин Қаҳҳорзода дастовардҳои иқтисодиву молиявии ҷумҳуриро муаррифӣ намуда, ба иштирокчиён доир ба рушди бозори дохилии қоғазҳои қиматноки давлатӣ, раванди маблағгузории сохтмони иншооти Неругоҳи барқи обии «Роғун», рафти корҳои сохтмонӣ, иштироки сармоягузорон дар татбиқи лоиҳа ва ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба татбиқи ин лоиҳа маълумоти муфассал манзур намуд. Инчунин оид ба корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» гузориши видеоӣ пешниҳод карда шуд.

Ҳамзамон Файзиддин Қаҳҳорзода намояндагони ширкатҳоро барои ташриф ба Тоҷикистон даъват намуд, то ин ки бо имконоти фарохи сармоягузорӣ ва лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон аз наздик шинос шаванд.

АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 18, 2026 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд