Дар Олмон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусобиқаи муштараки футбол доир шуд
ДУШАНБЕ, 08.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон ва дар ҳамкорӣ бо фаъолони диаспораи тоҷикони муқими Олмон ва Лаҳистон бори аввал дар шаҳри Арнсберги замини Шимоли Райн-Вестфалияи Олмон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи муштараки футбол баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон хабар доданд, дар чорабинӣ муовини якуми шаҳрдори Арнсберг Петер Блуме, инчунин шумораи зиёди шаҳрвандон, ҷавонон, варзишгарон ва намояндагони фаъоли ҷомеаи тоҷикон аз Олмон ва Лаҳистон иштирок намуданд. Чорабинии мазкур ба таҳкими дӯстиву ҳамбастагӣ байни ҳамватанон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим равона гардид.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон Имомудин Сатторов иштирокчиёни мусобиқаро ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, саҳми арзанда ва талошҳои пайгиронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкими истиқлоли давлатӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва рушди давлатдории тоҷикон таъкид намуд.
Дар анҷоми мусобиқа ба дастаҳои ғолиб Ҷом, медал ва мукофотҳо тақдим гардида, барои иштирокчиён ва меҳмонони чорабинӣ дастархони идона бо таомҳои миллӣ ороста шуд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон








Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад






