Дар Осорхонаи мероси Покистон гӯшаи мардумшиносии Тоҷикистон бо ёдгориҳои нави фарҳангӣ ва таърихӣ ғанӣ гардид
ДУШАНБЕ, 11.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон гӯшаи мардумшиносии Тоҷикистонро дар Осорхонаи мерос — Осорхонаи миллии этнографии Покистон (Heritage Museum / Pakistan National Museum of Ethnology), воқеъ дар маҷмааи фарҳангии «Lok Virsa”-и шаҳри Исломобод бо ёдгориҳои нави фарҳангӣ ва таърихӣ ғанӣ гардонид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон хабар доданд, бо мақсади боз ҳам ғанӣ гардонидани муҳтавои гӯшаи Тоҷикистон аз ҷониби Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон лавҳаҳои дорои тасвир ва маълумоти таърихию фарҳангӣ, аз ҷумла лавҳаи «Устувонаи Куруши Кабир» ва лавҳаи намунаҳои «Хазинаи шукуҳманди Амударё» (Ҷавоҳироти Окс) ҷойгир карда шуданд.
Лавҳаи «Устувонаи Куруши Кабир» ба яке аз ёдгориҳои машҳури таърихи ҷаҳонӣ бахшида шуда, аҳамияти онро ҳамчун сарчашмаи муҳими таърихӣ ва яке аз рамзҳои қадимии андешаҳои инсондӯстона, эҳтиром ба озодӣ, адолат ва ҳуқуқи инсон муаррифӣ менамояд.
Лавҳаи намунаҳои «Хазинаи шукуҳманди Амударё» (Ҷавоҳироти Окс) ба яке аз муҳимтарин бозёфтҳои бостоншиносии минтақа бахшида шудааст. Хазинаи Амударё маҷмуаи нодири ашёи заргарӣ ва осори санъати давраи Ҳахоманишиён буда, аз сатҳи баланди рушди ҳунармандӣ, заргарӣ ва фарҳанги моддии қадими миллати тоҷик шаҳодат медиҳад. Ин ёдгории нодири таърихӣ бо водии Амударё ва ҳудудҳои таърихии тамаддуни бостонии минтақа иртиботи зич дошта, яке аз намунаҳои арзишманди мероси фарҳангии Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад.
Осорхонаи мерос яке аз муассисаҳои муҳими фарҳангии Покистон ба шумор рафта, ба муаррифии мардумшиносӣ, таърих, фарҳанг, анъана ва расму ойин, ҳунарҳои мардумӣ, мусиқӣ ва тарзи зиндагии халқҳои гуногуни Покистон ва минтақа бахшида шудааст. Дар ин осорхона намунаҳои фарҳанги моддӣ ва маънавии мардумони гуногун ба намоиш гузошта шуда, барои шиносоии сокинону меҳмонони кишвар бо мероси ғании тамаддунҳои минтақа имконияти муносиб фароҳам оварда шудааст.
Гӯшаи марудмшиносии Тоҷикистон дар ин осорхонаи бонуфуз бо мақсади муаррифии таърихи куҳан, тамаддун, фарҳанги миллӣ ва мероси бостонии халқи тоҷик таъсис дода шудааст. Он ҳамчун яке аз василаҳои муҳими таҳкими робитаҳои фарҳангии Тоҷикистону Покистон ва муаррифии Тоҷикистон дар муҳити фарҳангии Покистон хизмат менамояд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон








Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд






