Дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ду иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 07.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар остонаи таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Ҳисор ду майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор.
Зимни ифтитоҳи ин иншооти ҷашнӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ онҳоро туҳфаи арзишманд ба сокинони Ҷамоати деҳоти Дурбат дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ номид.
Гуфта шуд, ки иншооти нав, аз ҷумла ду майдончаи варзишӣ бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои машғулияти варзишӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш бунёд гардидаанд. Инчунин дар Ҷамоати деҳоти Деҳқонобод бинои иловагии нави муассисаи таълимӣ ифтитоҳ гардид. Бинои нави мактаб бо назардошти талаботи замони муосир сохта шуда, ба фароҳам овардани шароити беҳтари таълиму тарбия ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии таълимӣ барои хонандагон мусоидат мекунад.
Ифтитоҳи чунин иншооти иҷтимоӣ ва варзишӣ дар остонаи ҷашни истиқлол бозгӯи таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаҳои маорифу варзиш ва беҳтар намудани шароити зиндагии сокинон мебошад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд






