Дар шаҳри Вена ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон чорабинии расмӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 10.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Вена бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии расмӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия хабар доданд.
Дар ҳамоиш Дабири кулли Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА), намояндагони аршади Ҷумҳурии Австрия, корпуси дипломатӣ, созмонҳои байналмилалии муқими шаҳри Вена, бахши хусусӣ, воситаҳои ахбори омма, муассисаҳои илмию фарҳангӣ ва ҳамватанони бурунмарзии муқими ҷумҳуриҳои Австрия, Словакия ва Маҷористон иштирок намуданд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия Манучеҳр Ҷобир иброз намуд, ки «давоми солҳои Истиқлолияти давлатӣ мардуми шарифи Тоҷикистон таҳти роҳбарӣ ва роҳнамоиҳои хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои бузурги таърихӣ -сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, эҳёи фарҳанг ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ, татбиқи сиёсати хориҷии «дарҳои кушода» ва пешбурди масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ ноил гардид».
Ҳамзамон сафир оид ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Австрия, инчунин робитаҳои гуногунҷанба бо созмонҳои байналмилалии муқими шаҳри Вена ибрози назар намуд.
Дар доираи чорабинӣ ба меҳмонон барномаи рангини фарҳангӣ, намоиши аксҳои мероси таърихӣ ва иқтидори сайёҳии кишвар, гӯшаи китобҳои Пешвои миллат ва бузургони тоҷик, намоиши асбобҳои мусиқӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, инчунин хӯрокҳои лазизи миллӣ, меваҳои тару тоза ва шириниву хушкмеваҳо ташкил карда шуд, ки аз ҷониби иштирокчиён баланд арзёбӣ гардид.
Ёдовар мешавем, ки ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрдории Клагенфурти Ҷумҳурии Австрия парчами мамлакатро дар назди бинои худ афрохта, табрикоти самимӣ ва таманиёти неки худро ба мардуми шарифи Тоҷикистон иброз намуд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия



















Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид






