Дар Теҳрон китоби «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ» ба хатти форсӣ ба чоп расид
ДУШАНБЕ, 06.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳамкорӣ бо нашриёти «Хирадгон» китоби «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба хатти форсӣ (бо нависагардонии Суҳайло Юсуфӣ) ба нашр расонид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Тоҷикистон дар Эрон хабар доданд, китоби мазкур, ки ба таври ранга чоп шудааст, шомили ду мақолаи муфассали Пешвои миллат, яке “Андешаҳо дар остонаи ҷашни Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ” ва дигаре “Чанд андешаи дигар дар остонаи ҷашни Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ” аст ва аксҳои теъдоде аз падидаҳои мероси тамаддуни ориёиро дар бар мегирад.
Дар китоб масъалаҳои гуногуни таърих ва тамаддуни ориёӣ , арзишҳои фарҳанги ориёӣ, саҳми мардумони ориёӣ дар ихтирои хат ва таълифи осори хаттӣ, робитаҳои мутақобили тамаддунҳо ва фарҳангҳо дар сарзаминҳои ориёӣ, мақоми дониш ва фарҳанг дар давлатдории ориёиҳо ва масъалаҳои дигари арзишҳои фарҳангии ин мардумон мавриди баррасӣ ва гуфтугӯ қарор гирифтааст.
Дар охирсухани ношири китоб таъкид шудааст, ки “Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тасаллуте, ки бар таърих ва фарҳанги минтақа доранд, тавонистаанд бо забоне шево ва дилнишин хонандаро ба сафаре дар дили таърихи ориёиҳо даъват кунанд. Ин китоб танҳо муруре бар таърих нест, балки даъвате аст ба тафаккур дар бораи ҳувият, фарҳанг ва мероси муштараки мо”.
Хонандаи эронӣ бо хондании ин китоб аз ҳадафҳоии бузургдошти тамаддуни ориёӣ дар замони Истиқлоли Тоҷикистон ва саҳми мардуми тамаддунсоз ва фарҳангофарини тоҷик дар ташаккули арзишҳои муштараки маънавӣ, илмӣ ва таърихии ориёӣ огоҳ мегардад.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон








Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти «Caspian Energy Club» мулоқот намуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҳамкории исломӣ баррасӣ гардид
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатӣ дар умури шаҳрдорӣ ва вазири давлатӣ дар умури маскани Кувайт мулоқот намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд






