Дар Тоҷикистон бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт амалиёти «Автобус» оғоз гардид

Сентябрь 15, 2026 09:27

ДУШАНБЕ, 15.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 14 то 23 сентябр дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи нақша–чорабиниҳои мақсадноки «Назорат», амалиёти «Автобус» гузаронида мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҳадафи амалиёт пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба мусофирон, беҳтар намудани ҳолати техникии воситаҳои нақлиёт ва таъмини риояи талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ мебошад.

Зимни амалиёт назорати риояи талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, бахусус аз ҷониби воситаҳои нақлиёти мусофирбар, пурзӯр карда мешавад. Ҳамзамон ҳолати техникии воситаҳои нақлиёт, сатҳи хизматрасонӣ ба мусофирон ва риояи дигар талаботи муқарраргардида мавриди санҷиш қарор мегирад.

Яке аз ҳадафҳои асосии амалиёт ба низом даровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёт, махсусан нақлиёти мусофирбар ва фароҳам овардани шароити бехатар барои мусофирон мебошад.

Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз роҳбарони корхонаю ҷамъиятҳое, ки ба интиқоли мусофирон машғуланд, даъват менамояд, ки дар давраи гузаронидани ин амалиёт ва минбаъд низ ба риояи қатъии талаботи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, таъмини ҳолати хуби техникии воситаҳои нақлиёт ва риояи интизоми ронандагон таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд.

Таъмини бехатарии мусофирон, пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт ва риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ вазифаи умумии ҳар як иштирокчии ҳаракат ба ҳисоб меравад.

АКС: Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 15, 2026 09:27

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид