Дар Токио 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
ДУШАНБЕ, 10.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Токио бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон хабар доданд, дар чорабинӣ намояндагони расмии Ҳукумати Ҷопон, вакилони Парлумон, роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ, намояндагони доираҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангии Ҷопон, инчунин ҳамватанони муқими Ҷопон иштирок намуданд.
Маросим бо иҷрои сурудҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷопон аз ҷониби хонандагони мактаби Согои Музофоти Канагава (Kanagawa Prefectural Kanagawa Sogo High School) оғоз гардид.
Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон Фарҳод Салим оид ба дастовардҳои назарраси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаҳои сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ ёдовар шуд. Таъкид гардид, ки давоми 35 соли Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, рушди иқтисодию иҷтимоӣ, таҳкими давлатдорӣ ва баланд бардоштани мақоми байналмилалии кишвар ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.
Дар идомаи чорабинӣ муовини парлумонии вазири корҳои хориҷии Ҷопон Ониши Ёҳей аз номи Ҳукумати Ҷопон мардуми Тоҷикистонро ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ самимона табрик намуда, рушди муносибатҳои Тоҷикистону Ҷопонро дар соҳаҳои сиёсӣ, ҳамкории иқтисодӣ ва рушди захираҳои инсонӣ мусбат арзёбӣ кард.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон













Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд






