Дар вилояти Суғд лоиҳаҳои бузург дар соҳаи роҳу нақлиёт амалӣ гардиданд

Сентябрь 24, 2026 13:00

ДУШАНБЕ, 24.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 23 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Сарвари давлат иброз доштанд, ки бо амалӣ гардидани лоиҳаҳои бузург дар соҳаи роҳу нақлиёт – бунёди нақбҳои ҳаётан муҳими «Истиқлол» ва «Шаҳристон», таҷдиди шоҳроҳҳои Душанбе – Чаноқ ва Айнӣ – Панҷакент имрӯз робитаи шабонарӯзӣ ва бехатари сокинони вилоят бо тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ ва давлатҳои хориҷӣ таъмин гардидааст.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуданд, ки сокинони вилоят хуб дар ёд доранд, ки давоми даҳсолаҳои гузашта рафтуомад ба пойтахти мамлакат ва дигар минтақаҳои он тавассути роҳу ағбаҳои душворгузар бисёр мушкил ва дар фаслҳои тирамоҳу зимистон ғайриимкон буд. Дар давраи омодагӣ ба ҷашни истиқлоли миллиамон дар қатори ободониву бунёдкориҳои зиёди бахши давлатӣ аз ҷониби соҳибкорон ва аҳолии вилоят ҳазорҳо километр роҳҳои маҳаллӣ таъмиру навсозӣ карда шуданд.

Пешвои миллат ҳамчунин таъкид намуданд, ки дар вилоят ҳазорон иншооти иҷтимоӣ–муассисаҳои таълимиву тандурустӣ, марказҳои хизматрасонӣ ва коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ бунёд ва ба истифода дода шуда, дар онҳо даҳҳо ҳазор ҷойи кор муҳайё гардидаанд.

Таъмин гардидани тараққиёти соҳаҳои саноати сабук, маҷмааи сӯзишворию энергетикӣ, истихроҷу коркарди маъдан, металлургия ва истеҳсоли масолеҳи сохтмон дар вилояти Суғд ҳоло ба рушди устувори иқтисоди миллӣ мусоидат мекунад.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/ АМИТ «Ховар»

 

Сентябрь 24, 2026 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд