Даври ҷумҳуриявии озмуни «Мураббии сол — Тоҷикистон-2026» оғоз гардид

Сентябрь 29, 2026 09:10

ДУШАНБЕ, 29.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 28 сентябр дар шаҳри Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Мураббии сол — Тоҷикистон-2026» оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар даври ҷумҳуриявии озмуни «Мураббии сол — Тоҷикистон-2026» панҷ мураббии ғолиби даврҳои минтақавӣ ва шаҳрӣ аз минтақаҳои гуногуни мамлакат, аз ҷумла мураббияи Муассисаи таҳсилоти томактабии №7 «Булбулакон»-и шаҳри Бохтари вилояти Хатлон Дилрабои Хотамшо, мураббии Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Хуршеди Истиқлол»-и шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд Наргиза Ҷӯраева, омӯзгор-мураббии Маркази инкишофи барвақтии кӯдаки назди Муассисаи давлатии таълимии «Литсей барои хонандагони болаёқат»-и шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Робия Давлатшоева, мураббии Муассисаи таҳсилоти томактабии №132-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Мадинаи Амрулло ва мураббии Муассисаи таҳсилоти томактабии №7-и шаҳри Турсунзода Саъбагул Миназарова иштирок доранд.

Озмуни «Мураббии соли Тоҷикистон» воситаи муайян намудани беҳтарин мураббӣ ва яке аз роҳҳои такмили маҳорати касбии кормандони соҳа, дарёфти истеъдодҳои нав, тарғиби таҷрибаи пешқадам ва арҷгузорӣ ба мақоми мураббӣ дар ҷомеа мебошад.

Тибқи Низомномаи озмун, «Мураббии соли Тоҷикистон» бо мақсади баланд бардоштани мақоми таҳсилоти томактабӣ, такмили мазмуни таълиму тарбия, дарёфт ва ошкор намудани мураббиёни боистеъдод, навовару эҷодкор, такмили маҳорати касбӣ ва рушди ташаббусҳои эҷодии мураббиёни муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ баргузор карда мешавад.

Дар заминаи таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарогирии кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ сол ба сол афзоиш меёбад. Агар соли 2022 ин нишондиҳанда 15,6 фоизро ташкил медод, имрӯз ба 30,8 фоиз расидааст. Ҳоло дар 831 муассисаи таҳсилоти томактабӣ 134 ҳазору 263 кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, барои  фарогирии бештари кӯдакон дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 3158 маркази инкишофи барвақтии кӯдак таъсис дода шуда, ба онҳо 183 ҳазору 710 кӯдак фаро гирифта шудаанд.

Иброз гардид, ки афзоиши шумораи муассисаҳои таълимии томактабӣ ва фарогирии бештари кӯдакон танҳо як ҷанбаи масъала аст. Яке аз шартҳои муҳимми таъмини сифати таълиму тарбия дар ин зина ба фаъолияти мураббиёни соҳибкасб, эҷодкор, навовар ва дорои маҳорати баланди касбӣ вобаста мебошад. Аз ин рӯ, баланд бардоштани мақому манзалати мураббӣ, такмили маҳорати касбӣ ва дастгирии ташаббусҳои эҷодии онҳо аз самтҳои муҳими сиёсати соҳаи маориф ба ҳисоб меравад.

Дар ин замина Озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон» яке аз тадбирҳои муҳим барои дарёфт ва муаррифии мураббиёни боистеъдод, навовару эҷодкор, тарғиби таҷрибаи пешқадами педагогӣ ва баланд бардоштани маҳорати касбии кормандони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ арзёбӣ мегардад.

АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

Сентябрь 29, 2026 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд