Доир ба масоили муҳими соҳаи нақлиёт ва инфрасохтори роҳҳо конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд

Сентябрь 18, 2026 16:10

ДУШАНБЕ, 18.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. «Рушди ҳамгироии системаҳои нақлиётӣ: роҳҳо бо таъмини бехатарӣ» — таҳти ин унвон 16 сентябр дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ.

Дар конференсия масъалаҳои мубрами соҳаи нақлиёт ва инфрасохтори роҳҳо мавриди баррасии илмӣ қарор гирифтанд. Маърузачиён ба масъалаҳои истеъмоли энергияи барқии электромобилҳо ва меъёрҳои сарфи сӯзишвории мошинҳои дорои муҳаррики дарунсӯз дар шароити кӯҳистон, рушди нақлиёти истифодаи умум дар шаҳри Душанбе ва рушди ҳамгироии системаҳои нақлиётӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.

Зимни муҳокимаҳо таъкид гардид, ки рушди низоми нақлиётӣ дар шароити муосир на танҳо ба тавсеаи инфрасохтори роҳҳо, балки ба татбиқи технологияҳои инноватсионӣ, баланд бардоштани сатҳи бехатарии ҳаракат, истифодаи самараноки захираҳои энергетикӣ, рушди нақлиёти экологӣ ва ташаккули низоми ягонаву ҳамоҳанги нақлиётӣ алоқаманд мебошад. Аз ин рӯ, омӯзиши илмии равандҳои ҳамгироии системаҳои нақлиётӣ ва таҳияи роҳҳои муассири идоракунии онҳо барои таъмини ҳаракати бехатар, самаранок ва устувори нақлиётӣ аҳаммияти назаррас дорад.

Дар конференсия ҳамчунин масъалаҳои марбут ба рушди минбаъдаи нақлиёти шаҳрӣ, мутобиқсозии инфрасохтори роҳҳо ба талаботи муосир, истифодаи технологияҳои рақамӣ ва баланд бардоштани самаранокии хизматрасониҳои нақлиётӣ мавриди таваҷҷуҳи иштирокчиён қарор гирифтанд. Муаррифии натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ ва табодули андешаҳо байни омӯзгорон, муҳаққиқон, мутахассисон ва донишҷӯён барои густариши ҳамкории илмӣ ва ҷустуҷӯи роҳҳои нави ҳалли масъалаҳои соҳавӣ замина фароҳам овард.

Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ майдони муҳими илмӣ барои баррасии масъалаҳои мубрами рушди нақлиёт, таҳкими бехатарии ҳаракат, татбиқи технологияҳои муосир ва такмили инфрасохтори роҳҳо арзёбӣ гардида, дар таҳкими ҳамкории илмӣ-таълимӣ ва баланд бардоштани сатҳи омодасозии мутахассисони соҳаи нақлиёт аҳаммияти муҳим дошт.

АКС: Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ

Сентябрь 18, 2026 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад