ДУШАНБЕ — ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН. Таҳти ин унвон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ баргузор шуд

Сентябрь 15, 2026 11:40

ДУШАНБЕ, 15.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 15 сентябр дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Душанбе — қалби Тоҷикистон» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба академия.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода иброз дошт, ки шаҳри Душанбе дар таърихи давлатдории тоҷикон ҷойгоҳи хосса дорад ва он маркази сиёсӣ, илм, маориф, фарҳанг, дипломатия ва ҳаёти иҷтимоии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Таъкид гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ ба шарофати сиёсати созандаву дурбинонаи Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳри Душанбе ба таври бесобиқа рушд намуд. Симои пойтахт куллан дигаргун гардид, инфрасохтори муосир бунёд шуд, хиёбону кӯчаҳо, майдонҳо, муассисаҳои илмию фарҳангӣ, иншооти иҷтимоӣ ва дигар мавзеъҳои муҳими шаҳр ба таври назаррас ободу зебо шуданд.

Саҳми Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳам дар ободу шукуфо гардидани пойтахт хеле бузург мебошад. Бо ибтикор ва роҳбарии муҳтарам Рустами Эмомалӣ корҳои ободониву созандагӣ дар пойтахт вусъати тоза гирифта, барои рушди инфрасохтор, беҳтар намудани сатҳи зиндагии сокинон, сабзу хуррам гардонидани шаҳр, рушди соҳаҳои иҷтимоӣ ва таҳкими мақоми Душанбе ҳамчун шаҳри муосиру пешрафта тадбирҳои муҳим амалӣ мегарданд.

«Ба ифтихори ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар академия гӯшаи фарҳангиву маърифатии «Душанбе-қалби Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид. Ифтитоҳи чунин як боргоҳи маърифат ва худшиносӣ нишони эҳтиром ба таъриху фарҳанги пойтахти азизамон, арҷгузорӣ ба роҳи тайкардаи шаҳри Душанбе ва як қадами муҳим дар самти ҳифзи хотираи таърихӣ мебошад»,- гуфт Қобилҷон Хушвахтзода.

Дар идомаи конференсия муовини Раиси шаҳри Душанбе Раҳмиддин Саломзода ва дигар иштирокдорон оид ба корнамоиҳову ободкориҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ибрози назар намуданд.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

 

 

Сентябрь 15, 2026 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Дар роҳҳои шаҳри Душанбе чароғакҳои «ҳушманд» насб гардиданд
МАҚОМИ ОМӮЗГОР – МАҚОМИ СОЗАНДАГИИ МИЛЛАТ. Омӯзгорони шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд
«ШОҲНОМАХОНӢ». 36 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифт
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе оид ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид
ҲАМГИРОИИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ УСТУВОР. Дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир гардид
Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
35 ШОҲКОРӢ ДАР ДУШАНБЕ. Дар даврони соҳибистиқлолӣ пойтахти Тоҷикистон ба яке аз шаҳрҳои зеботарини минтақа табдил ёфт
«БУРҶИ ДУШАНБЕ» — 77 ОШЁНА ВА 340 МЕТР БАЛАНДӢ. Сохтмони баландтарин иншоот дар пойтахти Тоҷикистон оғоз гардид
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимро ифтитоҳ намуданд