«ҲЕҶ НЕЪМАТ БЕҲ ЗИ ИСТИҚЛОЛ НЕСТ». Дар шаҳри Ҳисор конфронси ҷумҳуриявӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 03.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Истиқлол барои таҳкими худшиносии миллӣ, эҳёи арзишҳои таърихиву фарҳангӣ ва густариши забону фарҳанги тоҷикӣ заминаи устувор фароҳам овард. Ин нукта дар конфронси ҷумҳуриявии «Ҳеҷ неъмат беҳ зи истиқлол нест», ки 2 сентябр ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор баргузор гардид, баён шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад.
Гуфта шуд, ки Истиқлоли давлатӣ бузургтарин дастоварди таърихи навини тоҷикон буда, барои таҳкими давлатдории миллӣ, рушди иқтисодию иҷтимоӣ, эҳёи арзишҳои миллӣ ва болоравии сатҳи зиндагии мардум заминаҳои мусоид фароҳам овардааст. Маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ барои ҳифзи арзишҳои миллӣ, рушди соҳаҳои ҳаётан муҳими кишвар, таҳкими худшиносии миллӣ, тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстию меҳанпарастӣ ва муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ имконоти васеъ ба амал омаданд. Ҳифзи истиқлол ва дастовардҳои он вазифаи ҳар шаҳрванд буда, таҳкими ваҳдати миллӣ ва суботи ҷомеа омили муҳимми пешрафти мамлакат мебошад.
Дар идома таъкид шуд, ки сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ҳамчун дастоварди муҳими даврони соҳибистиқлолӣ бояд ҳамеша ҳифз ва таҳким дода шаванд. Насли ҷавонро зарур аст, ки арзиши истиқлолро дарк намуда, бо дониш, меҳнати созанда ва ташаббусҳои нек дар пешрафти Тоҷикистон саҳм гузорад.
Дар конфронс доир ба аҳаммияти Истиқлоли давлатӣ дар таҳкими давлатдории миллӣ, рушди устувори кишвар, боло бурдани ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ ибрози назар карда шуд. Ҳамчунин зарурати баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии ҷомеа, махсусан ҷавонону наврасон ва ҳифзи онҳо аз таъсири равандҳои номатлуби ҷаҳони муосир таъкид гардид.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор










Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад






