Экспедитсияи илмии олимону мутахассисони Ҳиндустон дар Тоҷикистон оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 11.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 10 сентябр экспедитсияи илмии олимону мутахассисони Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Тоҷикистон оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Экспедитсия бо иштироки намояндагони Маркази таҳқиқоти кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили Институти MERI (MERI CIS) ва Бунёди Ҳиндустон–Осиёи Марказӣ (ICAF — India-Central Asia Foundation) доир мегардад. Дар доираи экспедитсия меҳмонон ба шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон сафар менамоянд.
Ҳадафи асосии ин ташаббус омӯзиши ҳамаҷонибаи робитаҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистону Ҳиндустон, аз ҷумла фарҳанг, анъанаҳо ва мероси муштараки ду давлат мебошад. Зимни экспедитсия олимони ҳиндӣ таҳқиқоти илмӣ анҷом дода, ба омӯзиши мероси таърихию фарҳангӣ ва робитаҳои бисёрасра байни халқҳои Тоҷикистону Ҳиндустон таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд.
Баргузории чунин экспедитсияҳо ба таҳкими робитаҳои илмӣ ва фарҳангӣ, табодули таҷриба байни муҳаққиқони ду давлат ва омӯзиши масъалаҳои дорои аҳамияти муштарак мусоидат менамояд.
Ёдовар мешавем, ки соли 2025 байни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гурӯҳи муассисаҳои MERI-и Ҷумҳурии Ҳиндустон ва Бунёди Ҳиндустон–Осиёи Марказӣ ёддоштҳои тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расиданд. Дар доираи ин санадҳо ҷонибҳо ҳамкориро дар самти таҳқиқоти илмӣ ва таҳлилӣ, омӯзиши масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак ва рушди робитаҳои илмӣ ва фарҳангӣ тақвият медиҳанд.
Экспедитсияи илмӣ идомаи ҳамкории муассисаҳои илмии Тоҷикистону Ҳиндустон буда, барои омӯзиши амиқтари робитаҳои таърихию фарҳангии ду давлат имконияти нав фароҳам меорад.
АКС: Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад






