Эъломияи Сеул ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Кореяро дар соҳаи зеҳни сунъӣ тақвият медиҳад
ДУШАНБЕ, 17.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 16 сентябр дар шаҳри Сеул дар доираи ҳамоиши сарони давлатҳои Ҷумҳурии Корея ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар қолаби «Осиёи Марказӣ-Корея C5+1» Эъломияи Сеул қабул гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Тавре дар шарҳи ин хабар ба АМИТ «Ховар» аз Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, эъломияи мазкур ҳадафҳо ва самтҳои афзалиятноки рушди ҳамкории минбаъдаи Ҷумҳурии Корея ва кишварҳои Осиёи Марказиро муайян намуда, ба таҳкими шарикии бисёрҷониба дар соҳаҳои иқтисод, саноат, илм, зеҳни сунъӣ ва технология равона шудааст.
Дар санад ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ ҳамчун яке аз самтҳои муҳими рушди технологӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, ҷонибҳо барои густариши ҳамкорӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ, илм ва технология, табодули донишу таҷриба ва татбиқи ташаббусҳои муштарак изҳори омодагӣ намуданд.
Қабули Эъломияи Сеул қадами муҳим дар таҳкими шарикии Ҷумҳурии Корея ва кишварҳои Осиёи Марказӣ буда, барои рушди минбаъдаи ҳамкории минтақавӣ дар самти зеҳни сунъӣ, илм, технология ва рақамикунонӣ имконияти нав фароҳам месозад.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд






