Имконоти сайёҳӣ ва ҳунарҳои миллии Тоҷикистон дар шаҳри Тула муаррифӣ гардид
ДУШАНБЕ, 14.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 12-13 сентябри соли 2026 бахшида ба 880-солагии шаҳри Тулаи Федератсияи Русия чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид, иттилоъ медаҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Дар ин замина бо мусоидати Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ва Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази фарҳанги тоҷикон» дар ҳамкорӣ бо роҳбарони ҷамъиятҳои фарҳангии тоҷикон дар шаҳри Тула Шероз Разоқов ва Сино Наҷмиддинов дар ҷашнвораи «Фанфары тульского кремля» ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили либосҳои миллӣ, сӯзанӣ, чакан, инчунин имконоти сайёҳӣ ва ашёи сангину чӯбини миллӣ муаррифӣ карда шуданд.
Ҷашнвора, ки ба ҷузъи муҳими ҳаёти шаҳри Тула табдил ёфтааст, бори дигар аҳамияти худро дар таҳкими робитаҳои миллатҳои гуногун, ҳифзи арзишҳои ахлоқию фарҳангӣ ва ҷалби миллатҳо ба рушду фаъолияти шаҳри Тула нишон дод.
Иштирок дар ин ҷашнвора яке аз тадбирҳои гиромидошти арзишҳои асили фарҳангӣ буда, ба тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, баланд бардоштани эътибори нақшу нигор, сӯзанидӯзию гулдӯзии матоъҳои миллӣ ва намоиш додани ҳунари волои тарроҳону ҳунармандони ватанӣ равона гардидааст.
Баргузории чунин барномаҳои сатҳи байналмилалӣ ба ҷалби сайёҳони рус ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муаррифӣ намудани имконияти сайёҳии мамлакат мусоидат намуда, пешниҳоди маводи иттилоотӣ-тарғиботӣ аз ҷониби ширкатҳои сайёҳӣ дар ин гуна намоишҳо дар рушди фаъолияти онҳо нақши муҳим мебозад.
АКС: АМИТ «Ховар»


















Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд






