Китоби тозанашри «Коллексияи Пешвои миллат дар Осорхонаи миллӣ» муаррифӣ карда шуд

Сентябрь 19, 2026 15:00

ДУШАНБЕ, 19.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби тозанашри «Коллексияи Пешвои миллат дар Осорхонаи миллӣ» муаррифӣ гардид.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки иштирокдорони маросими рӯнамоии китоби тозанашр оид ба саҳми арзандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифз, омӯзиш ва муаррифии мероси таърихию фарҳангии миллати тоҷик сухан намуданд. Гуфта шуд, ки бо таваҷҷуҳ ва ташаббусҳои пайвастаи Пешвои миллат фонди Осорхонаи миллӣ дар даврони Истиқлоли давлатӣ бо ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангӣ ғанӣ гардида, барои нигоҳдории онҳо ҳамчун мероси миллӣ ва муаррифии сазовори таъриху тамаддуни тоҷикон шароити мусоид фароҳам оварда шуд.

Китоби «Коллексияи Пешвои миллат дар Осорхонаи миллӣ» аз ҷониби мутахассисони Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар заминаи коллексияи нодири ашёи таърихию фарҳангие таҳия гардидааст, ки дар солҳои гуногун аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Осорхонаи миллӣ эҳдо шудаанд.

Мазмуни китоб фарогири осори арзишманди дорои аҳамияти баланди таърихию фарҳангӣ буда, намунаҳои нодири бозёфтҳои бостоншиносӣ, маводи сиккашиносӣ, шоҳкориҳои санъати тасвирию амалӣ, созҳои мусиқӣ ва дигар нигораҳои бебаҳои таърихиро дар бар мегирад.

Китоби «Коллексияи Пешвои миллат дар Осорхонаи миллӣ» на танҳо феҳристи мукаммали осори гаронарзиш аст, балки саҳифаи заррини таърихи навин, дипломатия, фарҳанг ва сиёсати созандаи давлатдории миллии тоҷиконро ба ҷомеа муаррифӣ месозад.

Рӯйи чоп омадани китоби мазкур ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои доираи васеи муҳаққиқон, мутахассисони соҳаи таърих, фарҳанг ва кори осорхонавӣ, инчунин ҳама дӯстдорони мероси фарҳанги миллӣ ҳадяи арзишманди ҷашнӣ арзёбӣ мегардад.

Ҳамзамон иштирокдорони маросими рӯнамоии китоби тозанашри «Коллексияи Пешвои миллат дар Осорхонаи миллӣ» аз «Толори туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» боздид намуда, бо коллексияи нодири Пешвои миллат дар Осорхонаи миллӣ шинос шуданд.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Сентябрь 19, 2026 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
«БАРНОМАИ РУШДИ КИТОБХОНАҲОИ ДЕҲОТ». Он фаъолияти китобхонаҳоро ба талаботи замони муосир мутобиқ менамояд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Дар ноҳияи Рӯдакӣ доир ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон оид ба хатари терроризм ҳамоиш баргузор шуд
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Бинои нави маъмурии Муассисаи давлатии «Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор» ба истифода дода шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи фалак ҳамоиш доир гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи фалак таҷлил мегардад
Тоҷикистон дар Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ соҳиби ҷойи аввал гардид
Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар самти омӯзиши забони англисӣ густариш медиҳанд
Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар самти омӯзиш ва ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ тақвият медиҳанд