Кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
ДУШАНБЕ, 06.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хабар доданд, маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ баргузор шуд.
Таъкид гардид, ки чунин қадршиносӣ ба фаъолияти пурсамар, саҳми арзанда дар рушди илму маориф, омодасозии мутахассисони баландихтисос ва пешрафти низоми таҳсилоти олии мамлакат баҳои баланд мебошад.
Дар маросим изҳор карда шуд, ки рушди соҳаи маориф ва илм яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба шумор рафта, баланд бардоштани сатҳи касбии омӯзгорон ва устодони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, омода намудани кадрҳои соҳибихтисос ва тақвияти иқтидори илмии мамлакат аз вазифаҳои муҳим ба ҳисоб меравад.
Сазовор гардидан ба мукофотҳои давлатӣ барои кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон нишонаи қадршиносии хизматҳои онҳо буда, ҳамзамон масъулияти онҳоро барои идомаи фаъолияти самаранок дар самти рушди илму маориф ва тарбияи насли наврасу ҷавон бештар менамояд.
АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон








Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад
Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ланҷоуи Чин табодули таҷриба менамоянд
Дар вилояти Суғд шумораи мактабҳо ва хонандагон бештар гардидааст
Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон соҳиби сертификати UNESCO-UNEVOC гардид
Байни Академияи сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Тартуи Эстония Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ифтитоҳ гардид






