Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзии шаҳри Кӯлоб шинос гардид
ДУШАНБЕ, 18.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 17 сентябр муовини Сарвазири Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода бо раванди нашъунамои пахта ва ҷамъоварии он дар хоҷагиҳои пахтакори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Пахтаи Кӯлоб»-и шаҳри Кӯлоб шинос шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб иттилоъ доданд, соли равон дар 2 ҳазору 995 гектар навъҳои гуногуни пунбадона кишт гардидаанд.
Сулаймон Зиёзода гуфт, ки барои ҳарчи зудтар ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта аз тамоми имконият ба таври самаранок истифода бояд намуд, то ҳосил пурра ҷамъоварӣ гардида, ба корхонаҳои коркарди пахта супорида шавад.
Дар заминҳои хоҷагиҳои пахтакори шаҳри Кӯлоб навъҳои пунбадонаи лотос, бухоро ва дигар навъи ба иқлими минтақа мувофиқ кишт гардида, дар айни замон нашъунамои хуб доранд. Зеро аз рӯзи аввали кишти пунбадона барои дар сатҳи баланду босифат ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ корҳои агротехникӣ тибқи тавсияи олимони соҳаи кишоварзӣ ба роҳ монда шуданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб








Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд






