Намояндагони «Тоҷикаэронавигатсия» бо раванди таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар Академияи давлатии авиатсияи Беларус шинос гардиданд
ДУШАНБЕ, 18.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Намояндагони Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» дар Академияи давлатии авиатсияи Беларус бо донишҷӯёни тоҷике, ки дар ин академия таҳсил менамоянд, вохӯрда, оид ба раванди таълим, омодагии касбӣ ва масъалаҳои вобаста ба таҳсили онҳо суҳбат намуданд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» иттилоъ медиҳад, ки зимни вохӯрӣ бо масъулини Академияи давлатии авиатсияи Беларус масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар самти омодасозии мутахассисони соҳаи авиатсия барои Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардиданд.
Намояндагони «Тоҷикаэронавигатсия» инчунин бо имконоти таълимию техникии Академияи давлатии авиатсияи Беларус- дастгоҳҳои омӯзишии ҳавопаймоҳо ва воситаҳои муосири таълимию амалии соҳаи ташкили ҳаракати ҳавоӣ шинос шуданд.
Ҳамчунин аъзои ҳайат бо раванди таҳсил дар Академияи давлатии авиатсияи Беларус, омодасозии мутахассисони ояндаи соҳаи ташкили ҳаракати ҳавоӣ шинос шуда, раванди омӯзиши малакаҳои идоракунии ҳаракати ҳавоиро дар синфхонаҳои махсус мушоҳида намуданд.
Омодасозии кадрҳои баландихтисос яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» мебошад. Дар ин замина бо мақсади таъмини соҳа бо мутахассисони ҷавон ва баландихтисос ҳамкории корхона бо муассисаҳои таълимии соҳавӣ таҳким меёбад.
Дар анҷоми вохӯриҳо ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкориро дар самти омодасозии мутахассисони соҳаи авиатсия баррасӣ намуданд.
АКС: Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия»








Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид






