Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 15 иншоотро ба таври фосилавӣ дар ноҳияҳои Рашт, Нуробод, Сангвор, Лахш ва Тоҷикобод ба истифода доданд
ДУШАНБЕ, 11.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 11 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 15 иншоотро ба таври фосилавӣ дар ноҳияҳои Рашт, Нуробод, Сангвор, Лахш ва Тоҷикобод ба истифода дода, бо лоиҳаи роҳи мошингарди Лабиҷар – Сангвор шинос шуданд.
Дар деҳаи Қазноқи ноҳияи Рашт бинои ҷамоати деҳоти Нусратулло Махсум, осорхонаи Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум ва дар шаҳраки Ғарм биноҳои шуъбаи маориф ва шуъбаи муҳофиза дар минтақаи Рашт ва қасри ҷавонон мавриди истифода қарор гирифт.
Дар деҳоти Меҳрободи ноҳияи Нуробод бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12 барои 700 хонанда дар ду баст ва маркази савдо ифтитоҳ ёфт.
Дар деҳоти Заршӯёни ноҳияи Сангвор бошад меҳмонхонаи Гармчашмаи Вахё ифтитоҳ гардид.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи фосилавӣ бо шароит барои кору фаъолият дар бинои шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳияи Лахш, маркази адлия, маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ ва бинои шабакаҳои барқ шинос шуданд.
Дар ноҳияи Тоҷикобод муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 45 барои 350 хонанда дар ду баст дар маҳаллаи навбунёди Сабзазор, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 28 дар деҳаи Полезаки деҳоти Ширинчашма барои 350 хонанда дар ду баст ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 44 дар деҳаи навбунёди Сафедмун барои 600 хонанда дар ду баст мавриди истифода қарор гирифт. Дар маҷмуъ бо ифтитоҳи 3 иншооти соҳаи маориф дар ноҳияи Тоҷикобод 1300 хонанда дар шароити замонавӣ ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалишавии ҳадафҳои Ҳукумати кишвар, татбиқи нақшаи чорабиниҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, саҳмгузории соҳибкорону сокинони маҳаллиро дар корҳои ободонӣ ва мавриди истифода қарор гирифтани иншооти таъйиноти гуногунро барои ба талаботи замони муосир мутобиқ шудани шароити хизматрасонӣ, фарогирии мардум ба ҷойи кор ва васеъшавии имкониятҳои истеҳсолӣ дар гурӯҳи ноҳияҳои водии Рашт муҳим арзёбӣ карданд. Раисони ноҳияҳои Рашт, Нуробод, Сангвор, Лахш ва Тоҷикобод барои истифодаи пурраи имкониятҳои мавҷуда, таҳким бахшидани созандагиҳо ва ҷамъоварии саривақтии ҳосили маҳсулоти кишоварзӣ вазифадор шуданд.
Умуман, дар доираи татбиқи нақшаи чорабиниҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт 404 иншоот, Нуробод 270, Лахш 99, Тоҷикобод 94 ва дар ноҳияи Сангвор 95 иншоот сохта ба истифода дода шудааст.
Зимни муаррифӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълумот дода шуд, ки лоиҳаи роҳи мошингарди Лабиҷар-Сангвор бо дарозии умумии 64,5 километр амалӣ мешавад.
Ҳамин сол аз Лабиҷар то деҳаи Кафтаргузар сохтмони роҳ бо дарозии 10 километр, бунёди ду пул бо дарозии умумии 148 метр, 18 қубури обгузар бо андозаҳои гуногун, 21 такядевор ва чароғонсозӣ оғоз мегардад.
Лоиҳаи роҳи мошингарди Лабиҷар-Сангвор аз ҷониби Маркази татбиқи лоиҳаи Сохтмони роҳи мошингарди Шоҳон-Зиғар амалӣ гардонида мешавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо лоиҳаи роҳи Лабиҷар – Сангвор масъулини дахлдори соҳаро ҷиҳати иҷрои босифату саривақтии сохтмон бо назардошти талаботи кӯҳистон, ҷалби бештари сармоя ва тезонидани раванди корҳо вазифадор намуданд.









Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди терминали нави байналмилалӣ дар фурудгоҳи Душанбе санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён суҳбат намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои ИДМ иштирок намуданд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ идома дорад
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз Фестивали таомҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва намоиши маҳсулоти саноатию кишоварзии давлатҳои ИДМ дар Туркманистон боздид намуданд






