Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии идона ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 11.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Шоми 11 сентябр дар ноҳияи Рашт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии идона ба муносибати 35-солагии Истиқлоли далватии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Нахуст Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони заҳматқарини ноҳияҳои Рашт, Нурободу Тоҷикобод, Лахш, Сангвор ва ҳамаи иштирокдорони чорабиниро бо солгарди 35-уми истиқлол табрику таҳният гуфтанд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки ба истиқболи ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар ноҳияҳои водии Рашт сохтмону навсозии 986 иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ ба нақша гирифта шуда, то 20 августи соли 2026 825 иншоот ё 82,1 фоизи онҳо мавриди истифода қарор дода шудаанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди иншооти ҷашнӣ саҳми сокинони ноҳияҳо, соҳибкорони ватандӯст ва шахсони саховатпешаро назаррас арзёбӣ карда, ба ҳамаи онҳо барои ташаббусҳои созанда, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва иштироки фаъолонаашон дар ободонии Ватани азизамон миннатдорӣ баён намуданд.
Роҳбари давлат иброз доштанд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ барои рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияҳои Рашт, Нурободу Тоҷикобод ва Лахшу Сангвор бо мақсади беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолӣ ва бунёди манзилҳои истиқоматӣ ба зиёда аз 50 ҳазор оилаи ноҳияҳои зикршуда қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ба масоҳати умумии 11 ҳазор гектар ҷудо карда шудааст.
Зикр гардид, ки ҳамчунин, аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президент дар 20 соли охир дар ноҳияҳои Рашт, Нуробод, Сангвор, Тоҷикобод ва Лахш 43 иншоот ба маблағи умумии беш аз 250 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст. Ҳоло сохтмони панҷ иншооти дигар бо арзиши умумии 370 миллион сомонӣ идома дорад.
Зимни суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи рушду пешрафти соҳаҳои муҳими иқтисоди миллӣ, аз қабили саноат, кишоварзӣ, энергетика бо таҳлилҳо андешаронӣ намуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз дастовардҳои соҳаи нақлиёт ёдовар шуда, изҳор доштанд, ки дар ноҳияҳои водӣ даҳҳо лоиҳаи бузурги сармоягузории давлатӣ оид ба бунёду таҷдиди роҳҳо ва пулҳо татбиқ карда шудаанд. Аз ҷумла, қитъаҳои роҳи Душанбе — Қарамиқ дар ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод ба масофаи 300 километр таҷдид гардида, дар ноҳияи Лахш дар доираи се лоиҳа 255 километр роҳ ва 15 пул ба маблағи 850 миллион сомонӣ бунёду таҷдид гардид ва татбиқи лоиҳаҳои беҳтар намудани роҳҳои дигар идома дорад.
Таъкид шуд, ки дар 20 соли охир барои рушди соҳаи маорифи ноҳияҳои водӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ зиёда аз 2,1 миллиард сомонӣ равона гардидааст.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки дар солҳои 1998 — 2026, яъне аз оғози таъсиси квотаи президентӣ то имрӯз 3100 ҷавони ноҳияҳои зикргардида, аз ҷумла 1900 духтар бо истифода аз ин имтиёз ба муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар қабул шудаанд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки ҳифзи саломатии аҳолӣ, бахусус модару кӯдак, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат мебошад. Ҳоло дар ноҳияҳои минтақаи Рашт 300 муассисаи тандурустӣ фаъолият дорад, ки дар онҳо 431 табиб ва 1200 корманди миёнаи тиббӣ ба аҳолӣ хизмат мерасонанд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарур шумурданд, ки дар марҳалаи нави пешрафту тараққиёт бояд роҳбарону масъулон ва ҳар як фарди бонангу номус масъулияти баланд эҳсос намоянд.
Дар фароварди сухан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки мардуми шарафманди ноҳияҳои водии Рашт барои ободу пешрафта гардонидани Ватани маҳбуби худ — Тоҷикистони соҳибистиқлол минбаъд низ содиқона заҳмат мекашанд.
Пас аз суханронии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаи бошукуҳу рангини консертӣ баргузор гардид.
Устодони санъат ва ҳунармандони водии Рашт аз эҷодиёти шоирон ва оҳангҳои композиторони шинохта дар васфи Ватан, Тоҷикистон, Истиқлолу Ваҳдат ва Пешвои раҳнамунсоз сурудҳои дилнишин пешкаши меҳмонон намуданд.
Барномаи консертии идона ба ифтихори ҷашни умумимиллии кишвар бисёр пуршукуҳу хотирмон ҷараён гирифт.








Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни 35–солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар варзишгоҳи ноҳияи Рашт
Дар Париж 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил шуд
РАШТ ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба нақши сиёсати давлатӣ дар рушди иқтисодию иҷтимоии ин ноҳия
Ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар Рашт иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуданд
Китоби «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хати форсӣ рӯнамоӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Тоҷикистон 182 деҳаи нав таъсис дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз боғи интенсивии Пайванди Рашт дидан намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи фаръии истеҳсоли шарбати Саноати хӯроквории минтақаи Раштро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 15 иншоотро ба таври фосилавӣ дар ноҳияҳои Рашт, Нуробод, Сангвор, Лахш ва Тоҷикобод ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рашт Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқатро ба истифода доданд
Дар Осорхонаи мероси Покистон гӯшаи мардумшиносии Тоҷикистон бо ёдгориҳои нави фарҳангӣ ва таърихӣ ғанӣ гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Рашт ташриф оварданд






