Президенти Тоҷикистон: «Падару модарон ба тарбияи фарзандон бояд бо масъулияти баланд муносибат намоянд»

Сентябрь 1, 2026 08:29

ДУШАНБЕ, 01.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Мо бояд ба тарбияи наврасону ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоем. Зеро рафтору гуфтори шоиста ифодагари сатҳи тарбия ва симои маънавии шахс мебошад. Дар баробари ин, падару модарон бояд нисбат ба тарбияи фарзандон бо масъулияти баланд муносибат намоянд. Чунин иброз доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 31 август зимни суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №105-и шаҳри Душанбе.

Пешвои миллат таъкид намуданд, ки ҳар инсон дар ҷомеа, пеш аз ҳама, бо шарофати хислатҳои хуб ва ахлоқу одоби ҳамидааш соҳиби эҳтирому обрӯ мешавад. Аз ин рӯ, тарбияи ахлоқӣ бояд аз оила оғоз шуда, дар муассисаҳои таълимӣ пайваста идома ёбад.

«Ба ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷиноят бештар онҳое даст мезананд, ки аз тарбияи падару модар дур мондаанд, дар таҳсил фориғболӣ кардаанд, соҳиби касбу ҳунар нестанд ва дар зиндагӣ ҳадафи муайяне надоранд. Падару модарон вазифадоранд, ки дар оила барои тарбия ва камолоти фарзанд муҳити солим фароҳам оваранд», — баён намуданд Сарвари давлат.

Ба таъкиди Пешвои миллат, «омӯзгорон вазифадоранд, ки дар қалби хонанда эҳтиром ба Ватан, қонун, падару модар, арзишҳои миллӣ ва ахлоқи ҳамидаи инсониро парвариш диҳанд. Дар кори ниҳоят муҳимму ояндасози таълиму тарбия, албатта, боз ҳам омӯзгорон масъулияти бештар доранд, зеро онҳо неруи тавонои тарбия ба шумор мераванд».

Иброз гардид, ки баланд бардоштани сифати таълим ва ба камол расонидани кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи замони пешрафт низ, дар навбати аввал, аз устодону омӯзгорон, яъне аҳли маориф вобаста мебошад.

«Онҳо бояд ҳамеша дар ёд дошта бошанд, ки табобати беморон, яъне саломатии мардум, бунёди ҳама гуна иншоот, яъне ободии Ватан, таъмин кардани рушди иҷтимоиву иқтисодии давлат, яъне зиндагии шоистаи ҳар оилаи кишвар ва дар маҷмуъ, тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат аз фаъолияти мутахассисоне вобаста мебошад, ки онҳоро соҳаи маориф ба камол мерасонад», — чунин изҳори назар намуданд Сарвари давлат зимни суханронӣ.

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 1, 2026 08:29

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪИИ БЕХАТАР ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Доир ба масоили муҳими соҳаи нақлиёт ва инфрасохтори роҳҳо конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Зиёда аз 40 ҳазор нафар ҷавонони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии қариб 50 кишвари ҷаҳон илму дониш ва касбҳои муосир меомӯзанд
Масоили омода намудани мутахассисон дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон баррасӣ шуд
350 нафар донишҷӯёни тоҷик дар Ҷумҳурии Корея таҳсил менамоянд
Ёддошти тафоҳум байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Корея ба имзо расид
Байни Тоҷикистон ва Корея Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ оид ба барқарорсозии рақамии ҷангалҳо ва амалиёти иқлимӣ ба имзо расид
Барои рушди соҳаи маорифи ноҳияҳои водии Рашт дар 20 соли охир беш аз 2,1 миллиард сомонӣ равона шудааст
Бо иштироки 602 нафар довталаб даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Беш аз 200 нафар ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифтанд
Дар Филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотии «Донишкадаи энергетикии Москва» дар шаҳри Душанбе озмоишгоҳи нав ба истифода дода шуд