Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бо лоиҳаи бунёди муассисаҳои байналмилалии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуданд
ДУШАНБЕ, 27.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 27 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар минтақаи саноатии шаҳри Хоруғ бо лоиҳаи бунёди муассисаҳои байналмилалии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуда, ба сохтмони иншооти мазкур санги асос гузоштанд.
Бунёди муассисаҳои нави таълимӣ дар шаҳри Хоруғ идомаи тадбирҳои созанда дар самти рушди низоми маориф, тақвияти заминаи моддию техникии муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои мусоид барои омодасозии мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат мебошад.
Дар шароити рушди босуръати иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва демографии кишвар, баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, рушди илм ва тайёр намудани кадрҳои баландихтисос аз самтҳои муҳимми сиёсати давлатӣ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, таъсиси муассисаҳои таълимии замонавӣ дар минтақаҳои кишвар барои рушди сармояи инсонӣ ва таҳкими иқтидори иҷтимоию иқтисодии мамлакат аҳамияти зиёд дорад.
Зимни шиносоӣ бо лоиҳаҳо ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бинои муассисаи таълимӣ дар шаҳри Хоруғ аз 7 ошёна иборат буда, барои фарогирии 2500 донишҷӯ пешбинӣ гардидааст. Тибқи нақша, сохтмони он то соли 2030 ба анҷом расонида шуда, ба истифода дода мешавад.
Дар бинои мазкур барои ташкили раванди муосири таълимӣ 48 синфхона, аз ҷумла 20-то барои машғулиятҳои амалӣ, 4 синфхонаи калонҳаҷми маърузавӣ ва 4 лабораторияи компютерӣ ҷойгир карда мешаванд.
Бо мақсади ба роҳ мондани таълими амалӣ ва корҳои илмию таҳқиқотӣ 10 лабораторияи соҳавӣ ташкил карда мешавад. Аз ҷумла, лабораторияҳои сайёҳат ва меҳмондорӣ, сайёҳии кӯҳӣ, иқтисоди минтақаҳои кӯҳӣ, соҳибкорӣ ва тиҷорат, иқтисоди сабз ва рушди устувор, технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ, тағйирёбии иқлим ва рушди устувор, инчунин рушди оқилонаи минтақаҳои кӯҳӣ пешбинӣ гардидаанд.
Ҳамзамон, барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ ду маркази махсуси омӯзиши забонҳо ташкил карда мешавад, ки ба баланд бардоштани сатҳи забондонии донишҷӯён ва омодасозии мутахассисони рақобатпазир мусоидат хоҳад кард.
Тибқи лоиҳа, дар ошёнаи чоруми бино толори асосии маърузавӣ бо 1000 ҷойи нишаст барои баргузории чорабиниҳои байналмилалӣ, як толори конфронсӣ барои 150–200 нафар ва толори бисёрфунксионалии варзишию фарҳангӣ сохта мешаванд.
Дар муассисаи нав ба рушди захираҳои таълимӣ ва илмӣ низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардидааст. Барои ин Китобхона ва Маркази байналмилалии захираҳои таълимӣ бо масоҳати тақрибан 500 метри мураббаъ ташкил шуда, дорои толори хониш барои 150 нафар, китобхонаи рақамӣ, утоқҳои кории гурӯҳӣ ва инфиродӣ, маркази таҳқиқотӣ ва фазои омӯзиши электронӣ хоҳад буд.
Барои фароҳам овардани шароити мусоиди иҷтимоию маишӣ барои донишҷӯён ошхона ва кафетерия бо 250 ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст. Дар ин қисмати бино анборҳои маҳсулоти хушк ва хунук, ҳуҷраҳои махсуси шустушӯи зарфҳо ва дигар утоқҳои ёрирасон ҷойгир карда мешаванд.
Бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим ва фароҳам овардани имконият барои фаъолияти беруназсинфии донишҷӯён толори варзишӣ, фитнес, ҳуҷраҳои либосовезӣ ва ҳаммом низ пешбинӣ гардидаанд.
Яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти муассисаи оянда ба рушди илм ва таҳқиқоти соҳавӣ вобаста хоҳад буд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки бо дарназардошти хусусиятҳои табиӣ ва иқлимии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар муассиса Маркази илмӣ-таҳқиқотии рушди устувори минтақаҳои кӯҳӣ таъсис дода шавад.
Фаъолияти марказ ба омӯзиши иқтисоди кӯҳӣ, тағйирёбии иқлим, истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ва табиӣ, рушди иқтисоди сабз, сайёҳии устувор ва истифодаи технологияҳои рақамӣ равона хоҳад гардид.
Баъди шиносоӣ бо лоиҳаи шабакаҳои донишкадаҳои байналмилалии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди биноҳои нав дар шаҳрҳои Хоруғу Истаравшан ва ноҳияи Восеъ санги асос гузоштанд.









Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд






