Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар Минск таҷлил карда шуд

Сентябрь 12, 2026 19:26

ДУШАНБЕ, 12.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 11 сентябр дар шаҳри Минск ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Беларус чорабинии расмӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус хабар доданд.

Дар чорабинӣ намояндагони воломақоми вазорату идораҳои Ҷумҳурии Беларус, роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулӣ, созмонҳои байналмилалӣ, доираҳои фарҳангӣ, аҳли зиё, расонаҳои хабарӣ, инчунин ҳамватанон ва донишҷӯёни тоҷик иштирок намуданд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Бахтовар Сафарзода зимни суханронӣ ба иштирокдорон вобаста ба аҳамияти таърихии Рӯзи истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои мамлакат дар ин давра, инчунин ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба таҳкими сулҳу амният, истифодаи оқилонаи захираҳои об, тағйирёбии иқлим равона гардидаанд, ибрози назар намуд.

Бахтовар Сафарзода ҳамзамон таъкид кард, ки 5 сентябри соли 2026 Тоҷикистону Беларус 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатиро ҷашн гирифтанд.

Иброз гардид, ки дар рушду тавсеаи муносибатҳои ду кишвар робитаҳои самимӣ ва бар пояи эътимоди мутақобила байни Роҳбарони ду давлат аҳамияти калидӣ дорад.

Вазири кишоварзӣ ва озуқавории Ҷумҳурии Беларус, ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ Юрий Горлов доир ба муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории рушдёбандаи иқтисодии ду кишвар маълумот дод.

Дар доираи чорабинӣ намоишгоҳи мусаввараҳо, ки инъикоскунандаи манзараҳои дилрабои Тоҷикистон, китобҳо ва асарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, маводи таблиғотӣ оид ба иқтидори сайёҳӣ, инчунин намоиши нигораҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба маъраз гузошта шуд.

Илова бар ин, наворҳо вобаста ба дастовардҳои Тоҷикистон дар тӯли 35 соли истиқлолият, иқтидори иқтисодӣ-саноатӣ ва мавзеъҳои таърихию сайёҳии мамлакат намоиш дода шуданд.

Чорабинии идона бо меҳмоннавозии анъанавии тоҷикона ҷараён гирифта, ба иштирокчиёни ҷашн дастархони идона бо таомҳои болаззати миллию аврупоӣ, аз ҷумла Оши палав, қурутоб ороста гардида буд.

Ҷашни мазкур дар фазои фараҳбахши оҳангҳои миллӣ ва таронаҳои тоҷикӣ дар иҷрои ҳунармандони шинохтаи Тоҷикистон ҳусну шаҳомати хоса бахшид.

 

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус

Сентябрь 12, 2026 19:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо роҳбарияти хабаргузории KUNA ҳамкории иттилоотиро баррасӣ кард
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти «Caspian Energy Club» мулоқот намуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҳамкории исломӣ баррасӣ гардид
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд