РУШДИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРАИ ҲАРБӢ. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон

Сентябрь 3, 2026 11:35

ДУШАНБЕ, 03.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Истиқлолияти давлатӣ барои ҳар миллат бузургтарин неъмати сиёсӣ, заминаи асосии худшиносии миллӣ ва омили муайянкунандаи сарнавишти давлату ҷомеа ба ҳисоб меравад. Барои миллати тоҷик соҳиб шудан ба Истиқлолияти давлатӣ оғози марҳалаи сифатан нави таърихи давлатдорӣ буда, имконият фароҳам овард, ки Ватани маҳбубамон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд ва миллӣ роҳи мустақили рушди худро интихоб намояд. Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд, «Истиқлолияти давлатӣ бузургтарин ва муқаддастарин неъмат, нишонаи олии ҳувияти миллӣ, ифтихор ва номуси ватандорӣ, кафолати расидан ба орзуву омоли созанда ва омили асосии таҳкими пояҳои давлатдории миллии мо мебошад. Ин неъмати бебаҳо ба мо имконият дод, ки тақдири Ватани хешро ба дасти худ гирем, роҳи ояндаро муайян созем ва Тоҷикистонро ба ҷаҳони мутамаддин пайванд диҳем».

— Имсол мардуми шарафмандамон 35-солагии ҷашни муқаддаси миллӣ-Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро таҷлил менамояд. Ин сана на танҳо ҷашни муҳимми миллӣ, балки фурсати муносиб барои арзёбии роҳи тайкардаи давлат, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва нақши ниҳодҳои давлатӣ дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ мебошад. Давоми 35 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон марҳалаҳои гуногуни сиёсиву иҷтимоӣ паси сар шуда, барои ташаккули низоми мукаммали давлатдорӣ, таҳкими волоияти қонун, таъмини амнияти миллӣ ва рушди устувори ҷомеа заминаҳои устувор фароҳам гардиданд.

Дар ин раванд мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ ҳамчун ниҳодҳои муҳимми ҳифзи манфиатҳои давлат ва ҷомеа нақши муассир доранд. Яке аз чунин ниҳодҳо макомоти прокуратура мебошад, ки дар низоми давлатдории муосири кишвари соҳибистиқлоламон ҳамчун мақоми мустақили давлатӣ назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳоро таъмин менамояд. Рушд ва такмили фаъолияти мақомоти прокуратура дар солҳои истиқлолият яке аз самтҳои таҳкими давлатдории ҳуқуқбунёд ба ҳисоб меравад.

Дар баробари ташаккули низоми миллии макомоти прокуратура зарурати ба роҳ мондани назорати махсуси прокурорӣ дар сохторҳои ҳарбӣ низ ба миён омад. Зеро ташаккули Артиши миллӣ ва Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ бе таъмини қонуният, интизоми хизматӣ ва масъулияти баланди ҳуқуқӣ ғайриимкон буд.

Бо соҳибистиқлол гардидани кишвар зарурати ташкили низоми прокуратураи миллӣ, ки ба манфиатҳои давлат ва ҷомеа ҷавобгӯ бошад, ба миён омад. Дар чунин шароити мураккаб масъалаи ҳифзи қонуният, мубориза бо ҷинояткорӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва таъмини фаъолияти босамари мақомоти давлатӣ аҳаммияти аввалиндараҷа пайдо кард. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ мақоми прокуратураро дар низоми давлатдорӣ муайян намуда, барои фаъолияти мустақил ва қонунии ин ниҳод заминаи устувори ҳуқуқӣ фароҳам овард.

Мутобиқи моддаи 93-юми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар ҳудуди кишвар аз ҷониби Прокурори генералӣ ва прокурорҳои тобеи он дар доираи ваколатҳо амалӣ карда мешавад. Қабули Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» низ дар ташаккули заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти ин ниҳод нақши муҳим гузошт. Ҳамин тариқ, Истиқлолияти давлатӣ барои ташаккули низоми мустақили прокуратураи ҷумҳурӣ имконияти таърихӣ фароҳам овард ва ин ниҳод дар баробари дигар сохторҳои давлатӣ ба яке аз рукнҳои таъмини қонуният дар кишвар табдил ёфт.

Ташаккули Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муҳимтарин рӯйдодҳои даврони соҳибистиқлолӣ мебошад. Давлати соҳибистиқлол бе Артиши миллӣ, низоми мукаммали мудофиа ва сохторҳои қодир ба ҳифзи марзу буми кишвар наметавонад амнияти миллии худро ба таври устувор таъмин намояд. Дар ин раванд таъмини қонуният дар қисмҳо ва воҳидҳои ҳарбӣ аҳамияти махсус дорад. Маҳз бо назардошти чунин зарурат дар низоми мақомоти прокуратура сохтори махсуси назорати прокурорӣ дар соҳаи ҳарбӣ ташаккул ёфт.

Яке аз санадҳои ҳуқуқие, ки ба ташкили фаъолияти прокуратураи ҳарбӣ замина гузошт, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 1992 «Дар бораи трибуналҳои ҳарбӣ ва мақомоти додситонии ҳарбие, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир шудаанд» мебошад. Баъдан дар сохтори мақомоти прокуратура вазифаи муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Сарпрокурори ҳарбӣ таъсис дода шуд. Ин тадбир барои мутамарказ намудани идоракунӣ ва тақвияти назорати қонунӣ дар сохторҳои ҳарбӣ аҳамияти муҳим дошт.

Бо мақсади густариши фаъолияти назорати прокурорӣ дар қисмҳои ҳарбӣ тадриҷан прокуратураҳои ҳарбии гарнизонҳо низ таъсис дода шуданд. Аз ҷумла, прокуратураҳои ҳарбии гарнизонҳои Душанбе, Хуҷанд, Қурғонтеппа, Кӯлоб ва Хоруғ ташкил гардида, минбаъд бо назардошти зарурат сохтори прокуратураҳои ҳарбӣ такмил дода шуд. Соли 2001 прокуратураи ҳарбии минтақаи Қаротегин таъсис ёфта, соли 2010 ба прокуратураи ҳарбии гарнизони Рашт табдил дода шуд. Ташкили чунин сохтори махсус имконият фароҳам овард, ки назорати иҷрои қонунҳо дар қисмҳо ва воҳидҳои ҳарбӣ пурзӯр гардида, ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятҳои ҳарбӣ самараноктар пешгирӣ карда шаванд.

Дар раванди ташаккул ва рушди давлатдории навини Тоҷикистон нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят назаррас мебошад. Сиёсати давлатсозӣ, таҳкими қонуният, барқарор намудани сулҳу субот, рушди ниҳодҳои давлатӣ ва фароҳам овардани заминаҳои устувори амнияти миллӣ аз самтҳои муҳимми фаъолияти роҳбарияти давлат ба ҳисоб мераванд. Маҳз дар заминаи чунин сиёсати созанда ва дурбинона барои ташаккули Қувваҳои Мусаллаҳи миллӣ, таҳкими иқтидори мудофиавии кишвар ва такмили мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шароити зарурӣ фароҳам оварда шуд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои он аз ҳар шаҳрванди мамлакат масъулияти баланд, зиракии сиёсӣ, садоқат ба Ватан ва риояи қатъии қонунро тақозо менамояд. Дар сиёсати давлатии меҳани азизи мо таҳкими иқтидори мудофиавӣ ва таъмини омодагии доимии Қувваҳои Мусаллаҳ мавқеи муҳим дорад. Дар баробари ин, баланд бардоштани интизоми ҳарбӣ, риояи қонун ва ҳифзи ҳуқуқи хизматчиёни ҳарбӣ ҳамчун ҷузъи фаъолияти сохторҳои низомӣ арзёбӣ мегардад. Дар ин раванд прокуратураи ҳарбӣ ҳамчун ниҳоди махсуси назорати қонуният вазифаи муҳимро иҷро мекунад.

«Сулҳу ваҳдат ва истиқлолият ду соҳаи ба ҳам пайваста мебошанд ва кафили ҳастии миллати мо ба ҳисоб мераванд. Агар истиқлолият заминаи бунёди давлатдорӣ бошад, ваҳдати миллӣ неруи пешбарандаи ҷомеа ва кафолати оромӣ мебошад»,-иброз доштаанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Таърихи соҳибистиқлолии мамлакати азизамон нишон медиҳад, ки ҳифз ва таҳкими Истиқлолияти давлатӣ бе сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ғайриимкон аст. Барқарор гардидани сулҳу оромӣ дар мамлакат барои рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла ташаккули мақомоти давлатӣ, таҳкими Қувваҳои Мусаллаҳ ва такмили мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шароити мусоид фароҳам овард.

Ваҳдати миллӣ ба марҳалаи нави давлатсозӣ замина гузошт. Бо таҳкими сулҳу субот имконияти давлат барои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, сохтмони иншооти давлатӣ, такмили низоми идоракунӣ ва таҳкими иқтидори мудофиавӣ бештар гардид. Аз ин рӯ, дар арафаи 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ бояд дарк намуд, ки истиқлолият ва ваҳдати миллӣ ду арзиши ба ҳам пайванди таърихи навини ватанамон мебошанд. Истиқлолият соҳибихтиёрии давлатро таъмин намуд ва ваҳдати миллӣ заминаи муҳим барои ҳифз ва таҳкими он гардид.

Дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ вазъи сиёсиву иҷтимоии мамлакат ба фаъолияти мақомоти давлатӣ ва сохторҳои низомӣ таъсири ҷиддӣ расонида буд. Дар чунин шароит масъалаи таҳкими қонуният ва интизоми хизматӣ дар сохторҳои ҳарбӣ аҳамияти хос пайдо кард. Прокуратураи ҳарбӣ ҳамчун ниҳоди махсусгардонида дар ин марҳала ба иҷрои вазифаи худ — таъмини назорати прокурорӣ дар қисмҳо ва воҳидҳои ҳарбӣ машғул гардид. Назорати доимии прокурорӣ, таҳлили ҳолати қонуният, ошкор ва бартараф намудани сабабу шароитҳои ба қонунвайронкунӣ мусоидаткунанда ва андешидани чораҳои ҳуқуқӣ ба таҳкими тартибот дар муҳити ҳарбӣ мусоидт намуд.

Яке аз самтҳои фаъолияти прокуратураи ҳарбӣ ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии хизматчиёни ҳарбӣ мебошад. Риояи ҳуқуқи сарбозону афсарон, шароити хизмати ҳарбӣ, масъалаҳои таъминоти иҷтимоӣ ва муносибати қонунӣ ва одилона бо хизматчиёни ҳарбӣ аз ҷумлаи масъалаҳое мебошанд, ки дар доираи фаъолияти назорати прокурорӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор мегиранд. Дар баробари ин, фаъолияти прокуратураи ҳарбӣ танҳо ба ошкор намудани қонунвайронкунӣ маҳдуд намешавад. Пешгирии ҷинояту ҳуқуқвайронкунӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тарбияи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ низ аз самтҳои муҳимми фаъолияти он мебошанд.

Яке аз дастовардҳои бузург дар даврони соҳибистиқлолӣ ташаккул ва рушди Қувваҳои Мусаллаҳи миллӣ мебошад. Имрӯз Артиши миллии Чумхурии Тоҷикистон ҳамчун сипари боэътимоди давлат ва кафили ҳифзи марзу буми мамлакат дар шароити муосир вазифаи муқаддаси худро иҷро менамояд. Дар баробари такмили сохтор ва баланд бардоштани омодагии ҷангӣ, дар Қувваҳои Мусаллаҳ ба масъалаҳои интизоми ҳарбӣ, маърифати ҳуқуқӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва эҳтиром ба қонун таваҷҷуҳи махсус дода мешавад.

Маҳз ҳамин муҳити солими хизматӣ ва ғамхории пайвастаи давлат нисбат ба Қувваҳои Мусаллаҳ боис гардид, ки имрӯз ҷавонони кишвар хизмати ҳарбиро ҳамчун қарзи муқаддаси шаҳрвандӣ ва мактаби мардонагиву ватандӯстӣ қабул менамоянд. Боиси ифтихор аст, ки дар солҳои охир шумораи ҷавононе, ки бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва ихтиёрӣ барои адои хизмати ҳарбӣ ба комиссариатҳои ҳарбӣ муроҷиат менамоянд, афзоиш ёфта, ин руҳияи ҷавонон аз эҳсоси баланди соҳибватанӣ, худшиносии миллӣ ва дарки арзиши Истиқлолияти давлатӣ сарчашма мегирад.

35 соли Истиқлолияти давлатӣ барои миллати мо давраи ташаккули давлатдории навин, таҳкими пояҳои ҳуқуқӣ, рушди ниҳодҳои давлатӣ ва бунёди заминаҳои устувори амнияти миллӣ мебошад. Дар ин давра мақомоти прокуратура низ дар баробари дигар сохторҳои давлатӣ марҳалаҳои рушдро тай намуда, заминаҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии фаъолияти худро такмил дод. Макомоти прокуратураи ҳарбӣ низ ҳамчун қисми низоми назорати прокурорӣ дар таҳкими қонуният, интизоми хизматӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои хизматчиёни ҳарбӣ нақши муассир гузошт.

Ҳар қадаре, ки қонун дар муҳити ҳарбӣ устувортар риоя гардад, ҳамон қадар иқтидори мудофиавии давлат ва эътимоди ҷомеа ба сохторҳои низомӣ бештар мегардад. Аз ин рӯ, фаъолияти прокуратураи ҳарбӣ бевосита бо масъалаи ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ, таҳкими амнияти миллӣ ва нигоҳдории суботи ҷомеа иртибот дорад.

Дар остонаи таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳар шаҳрванди мамлакат бояд ба арзиши ин неъмати бузург бо эҳсоси баланди масъулият назар намояд. Барои хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ин масъулияти боз ҳам бештар аст, зеро фаъолияти онҳо ба ҳифзи манфиатҳои давлат, ҷомеа ва амнияти шаҳрвандон вобаста мебошад.

«Муҳофизати истиқлолият — муҳофизати номус, шараф ва ояндаи фарзандони мост. Мо набояд фаромӯш кунем, ки озодӣ ва адолат танҳо дар сояи давлати мустақилу пурқудрат таъмин мегардад»,-таъкид намудаанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Мо худро вазифадор меҳисобем, ки сиёсати созанда ва роҳнамоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи фаъолияти хизматӣ қарор дода, бо эҳсоси баланди масъулият дар назди Ватан ва миллат вазифаҳои касбии худро содиқона иҷро намоем. Бо истифода аз дониш, таҷриба ва малакаи касбӣ мо бояд барои таҳкими қонуният, таъмини иҷрои дақиқи қонунҳо, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва баланд бардоштани интизоми хизматӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ саҳми арзанда гузорем. Зеро ҳифзи истиқлолият танҳо вазифаи давлат нест, он масъулияти муқаддаси ҳар шаҳрванди кишвар мебошад.

Дар шароити муосир садоқат ба Ватан, эҳтироми қонун, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва омодагӣ ба ҳимояи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ бояд арзишҳои меҳварии фаъолияти ҳар хизматчии давлатӣ ва ҳар як хизматчии ҳарбӣ бошанд.

Бо гузашти 35 сол аз соҳибистиқлол гардидани Ватани маҳбубамон метавон бо итминон гуфт, ки дар мамлакат низоми мукаммали давлатдории миллӣ ташаккул ёфта, заминаҳои устувори ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ фароҳам оварда шудаанд. Ташаккули Қувваҳои Мусаллаҳ, рушди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва, аз ҷумла, ташаккул ва такмили макомоти прокуратураи ҳарбӣ аз ҷумлаи равандҳои давлатсозии миллӣ ба ҳисоб мераванд.

Мақомоти прокуратураи ҳарбӣ дар ин низом ҳамчун ниҳоди таъмини қонуният дар сохторҳои ҳарбӣ вазифаи масъулиятнокро иҷро намуда, дар таҳкими интизоми хизматӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои хизматчиёни ҳарбӣ саҳми арзанда гузоштааст. Дар ин раванд нақши сиёсати созанда ва дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ва такмили мақомоти ҳифзи ҳуқуқ назаррас мебошад.

Имрӯзҳо, ки мардуми Тоҷикистон ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ омодагӣ мегиранд, вазифаи ҳар яки мост, ки дастовардҳои соҳибистиқлолиро ҳифз намуда, барои таҳкими минбаъдаи пояҳои давлатдорӣ, суботу амнияти ҷомеа ва волоияти қонун саҳм гузорем. Истиқлолият арзиши муқаддаси давлат ва миллат аст. Ҳифзи он, таҳкими сулҳу ваҳдат, садоқат ба Ватан ва эҳтироми қонун вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванди мамлакат мебошад.

Мо боварӣ дорем, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти сиёсати созанда ва дурбинонаи Пешвои миллат роҳи пешрафту ободиро минбаъд низ устуворона идома хоҳад дод.

Наврӯз ТОҲИРЗОДА,
прокурори ҳарбии гарнизони Суғд,
генерал-майори адлия,
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ

Сентябрь 3, 2026 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳинро пас аз навсозӣ ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон мулоқот намуданд
Китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ба забони олмонӣ нашр гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд
«БУРҶИ ДУШАНБЕ» — 77 ОШЁНА ВА 340 МЕТР БАЛАНДӢ. Сохтмони баландтарин иншоот дар пойтахти Тоҷикистон оғоз гардид
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе барои бунёди калонтарин Маҷмааи хизматрасонӣ санги асос гузоштанд
Дар шаҳри Душанбе маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор шуд
«ҲЕҶ НЕЪМАТ БЕҲ ЗИ ИСТИҚЛОЛ НЕСТ». Дар шаҳри Ҳисор конфронси ҷумҳуриявӣ доир шуд
«МОДАРНОМА». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши асарҳои Рассоми халқии Тоҷикистон Сабзаалӣ Шариф ифтитоҳ ёфт
Бахшида ба Рӯзи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Душанбе ҷамъомади тантанавӣ доир гардид
ИСТИҚЛОЛИЯТ — НЕЪМАТИ БЕБАҲО. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд