САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ҶАҲОНИИ ЭКОЛОГӢ: аз обу иқлим то зеҳни сунъӣ. Андешаҳо дар ин маврид

Сентябрь 4, 2026 15:35

ДУШАНБЕ, 04.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади ҳалли мушкилоти глобалии обу иқлим, ҳифзи захираҳои табиӣ, алалхусус захираҳои гидрологӣ ва таъмини рушди устувори экологӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварӣ ва роҳнамоии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша иқдомҳои илман асоснок, саривақтӣ ва ба манфиати инсоният нигаронидаро пешниҳоди ҷомеаи ҷаҳонӣ мегардонанд.

— Далели ин андеша он аст, ки ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат дар ҳалли мушкилоти глобалии экологӣ, чун «Соли байналмилалии оби тоза», «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт, 2005-2015», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об», «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера, 2025-2034», «Таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи захираҳои об ва тағйирёбии иқлим барои рушди устувор дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором», «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» ва «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус, дар минтақаҳои кӯҳсор» аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид, ниҳодҳои зертобеи он (Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои Осиё ва Уқёнуси Ором (UNESCAP) ва Барномаи СММ оид ба муҳити зист (UNEP)) ва ҷомеаи ҷаҳонӣ бо иттифоқи оро қабул гардидаанд.

Мантиқист, ки ташаббусҳои глобалии Сарвари давлат дар соҳаи обу иқлим идомаи ҳамдигар буда, якдигарро тақвият мебахшанд ва комил мегардонанд. Онҳо инчунин таҳрикдиҳандаи дигар ҳадафҳои муштараки ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошанд. Масалан, пас аз қабул гардидани аввалин иқдоми ҷаҳонии Пешвои миллат – Соли байналмилалии оби тоза таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мониторинг, ҳифз, истифодаи оқилона ва дурнамои захираҳои об бештар гардида, таҷлил намудани Рӯзи ҷаҳонии мониторинги сифати об аз соли 2003 ба ҳукми анъана даромад. Ҳамчунин мавзуи асосии Форуми V ҷаҳонии об (2009, Туркия) «Бартараф намудани ҳудудҳои тақсимкунандаи об» ном дошта, дар доираи он Президенти Тоҷикистон ташаббуси навбатиашонро таҳти унвони «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» пешниҳод намуданд, ки баъдтар аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта гардид. Ҳамзамон Форуми VII ҷаҳонии об (2015, Ҷумҳурии Корея) таҳти унвони «Ояндаи об дар дасти мост» доир гардида, баргузории он бо пешниҳоди Ҳадафҳои рушди устувор аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид бо номи «Нақшаи ноил гардидан ба ояндаи беҳтару устувортар барои ҳамагон» ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» аз ҷониби Сарвари давлати тоҷикон тавъам омад, ки ин иқдомҳои бузургҳои бузург ҷомеаи ҷаҳониро дар масири бехатарии захираҳои об ва таъмини рушди устувори экологӣ роҳнамоӣ мекунад. Ва ё ташаббуси дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера, 2025-2034» таҳрикдиҳандаи асосии Даҳсолаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба уқёнусшиносӣ барои рушди устувор (солҳои 2021-2030), ки айни замон идома дорад, маҳсуб шуда, барои он бозёфтҳои нави бисёрҷонибаи илмӣ ва таҳқиқотиро фароҳам меорад.

Тавъам бар ин, Президенти Тоҷикистон зимни пешбарии ташаббуси панҷум, яъне «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» бо мақсади ҷалби бештари диққати ҷомеаи ҷаҳонӣ ба раванди таназзулёбии пиряхҳо ду масъалаи хеле муҳимеро, ки ба масоили пиряхҳо марбутанд, ба миён гузоштанд: муайян кардани Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва таъсиси Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо. Дар бораи муайян кардани Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо гуфтан ба маврид аст, ки ҳамасола дар саросари ҷаҳон якчанд рӯзҳои махсусе марбут ба захираҳову объектҳои обӣ, ба монанди Рӯзи байналмилалии дарёҳо (14 март), Рӯзи ҷаҳонии захираҳои об (22 март), Рӯзи Замин (22 апрел), Рӯзи ҷаҳонии уқёнусҳо (8 июн), Рӯзи ҷаҳонии кӯлҳо (27 август), Рӯзи ҷаҳонии мониторинги об (18 сентябр) ва Рӯзи ҷаҳонии баҳрҳо (29 сентябр) таҷлил карда мешаванд. Дар қатори ин санаҳои муҳими марбут ба захираҳои гидрологӣ пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба муайян кардани Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ба тақвият бахшидани тадбирҳо ҷиҳати ҳифзи пиряхҳо мусоидат мекунад ва ҳадафҳои муштараки ҷомеаи ҷаҳониро дар ин самт муттаҳид мегардонад. Маҳз бо назардошти муҳимияти масъала Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-ум, ки 14 декабри соли 2022 барузор гардид, бо қабули қатъномаи махсусе се ташаббуси ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастгирӣ карда, соли 2025-ро Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, 21 мартро Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон намуд ва дар назди Созмони Милали Муттаҳид Бунёди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳоро таъсис дод.

Дар шароити муосир, ки илму техника ва технологияҳои нав бо суръати кайҳонӣ рушд менамоянд, зеҳни сунъӣ (Artificial intelligence) ҳамчун соҳаи ҷадиди илму технология нақши меҳварӣ дорад. Зеро он ба эҷоди системаҳое нигаронида шудааст, ки қодиранд вазифаҳои унсурҳои зеҳни инсонӣ талабкунандаро, чун таҳлили иттилоот, омӯзиш, шинохтани нутқ ва тасвирҳо, пешгӯиҳо ва қабули қарорҳо иҷро намоянд. Азбаски зеҳни сунъӣ аз алгоритмҳои пешрафта ва қароргирии автономӣ барои ҳалли мушкилот истифода мебарад, қобилияти омӯзиш ва самаранокии амалиётро дар ҳар бахш беш аз ҳар вақт беҳтар мекунад. Аз ин ҷост, ки дар шароити имрӯза технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти ҷадид барои рушди ҳама соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ нақши муҳим ва муассир мебозад.

Маҳз бо назардошти рушди бемайлони технологияҳои рақамӣ ва аҳаммияти рӯзафзуни зеҳни сунъӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 24 сентябри соли 2024 лоиҳаи қатъномаи «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ»-ро пешниҳод намуданд, ки 25 июли соли 2025 аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо иттифоқи оро таҳти қатъномаи A/RES/79/322 қабул гардид. Ташаббуси навбатии Тоҷикистон ба рушди зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод ҳамчун воситаи муҳим барои ноил гардидан ба Ҳадафҳои рушди устувор дар давлатҳои Осиёи Марказӣ нигаронида шуда, таваҷҷуҳи махсуси ҷомеаи ҷаҳониро ба ҳамкории минтақавию байналмилалӣ, рушди инфрасохтори рақамӣ, таҳқиқоти илмӣ, маориф ва омода намудани мутахассисон дар соҳаи зеҳни сунъӣ ҷалб менамояд.

Албатта, иқдоми навбатии Пешвои муаззами миллат аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ чун ташаббуси навоваронаю дурбинона арзёбӣ гардида, аҳаммияти истифодаи технологияҳои муосирро дар самти таъмини рушди устувор, амнияти иттилоотӣ ва пешбурди корҳои илмӣ ва техникаву технологияи муосир таъкид менамояд. Дар асоси ин ташаббуси Сарвари давлат 31 августи соли равон Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномае қабул намуд, ки тибқи он аз соли 2027 ба баъд 31 август ҳамчун Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод таҷлил мегардад. Қабули ин қатънома идомаи сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Пешвои маҳбуби миллат дар самти рушди зеҳни сунъӣ, технологияҳои нав ва истифодаи масъулонаи онҳо буда, саҳми Точикистонро дар ташаккули рӯзномаи байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ бағоят муҳим арзёбӣ менамоянд. Дар ин маврид бояд тазаккур дод, ки Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни ҷаласа 21 марти соли 2024 қатъномаи A/RES/78/265-ро бо номи «Истифодаи имкониятҳои системаҳои зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод бо мақсади рушди устувор» қабул намуд.

Бояд гуфт, ки интихоби 31 август заминаи таърихӣ дошта, ба пешниҳоди лоиҳаи таҳқиқотии Донишгоҳи Дартмут оид ба зеҳни сунъӣ соли 1955 алоқаманд мебошад. Зеро истилоҳи «зеҳни сунъӣ» нахустин маротиба соли 1956 зимни конфронси Донишгоҳи Дартмут ба арсаи илм ворид гардида, сипас бо мақсади омӯзиши зеҳни сунъӣ дар ин донишгоҳ машварати думоҳаи таҳқиқотӣ ташкил карда шуд. Ҳанӯз соли 1950 аз тарафи риёзидон Алан Тюринг (1912-1954) барои арзёбии қобилияти компютер бо мақсади нишон додани рафтори интеллектуалӣ тести Тюринг пешниҳод карда шуд. Ҳадафи асосии тест муайян кардани имконоти тафаккури сунъӣ, наздик ба фикрронии инсонӣ мебошад. Ин тести эмпирикӣ буда, дар мақолаи «Мошинаҳои ҳисоббарор ва хирад» (Computing Machinery and Intelligence) дар маҷаллаи фалсафии «Mind» ба нашр расидааст. Ҳамин тавр, бо рушди илму техникаи компютерӣ зеҳни сунъӣ низ марҳила ба марҳила рушд намуда, бо шарофати омӯзиши амиқ то соли 2010 дар самти маълумоти бузургҳаҷм ва протсессорҳои пуриқтидори графикӣ пешрафтҳои назаррас ба амал омаданд ва дар ин давр зеҳни сунъӣ аллакай шинохти тасвир, нутқ ва матнро ба таври назаррас беҳтар кард.

Дар шароити имрӯза зеҳни сунъӣ ҳамчун воситаи пуриқтидор барои суръат бахшидан ба пешрафт дар таъмини Ҳадафҳои рушди устувор хидмат мекунад. Ин ба истифодаи муносиби захираҳо, таҳлили маълумот ва навоварӣ мусоидат менамояд. Зеҳни сунъӣ, аз ҷумла омӯзиши мошинӣ, таҳлили маълумоти зиёд ва таҳлили пешгӯйӣ, имконоти назаррасро барои ҳалли ин ҳадафҳову вазифаҳо пешниҳод менамояд. Мувофиқи гузориши маҷаллаи Nature (соли 2020), ки соли 2025 навсозӣ шудааст, зеҳни сунъӣ метавонад аз 169 нишондиҳандаи Ҳадафҳои рушди устувор ба ноилшавии 134 ҳадаф мусоидат намояд. Дар баробари ин, мувофиқи гузориши Созмони Милали Муттаҳид оид ба Ҳадафҳои рушди устувор (2025), зеҳни сунъӣ аллакай истифодаи муносиби энергияро таъмин карда, ташхиси тиббиро беҳтар мегардонад ва биоравнақиро назорат менамояд. Аз ин рӯ, дар замони муосир зеҳни сунъӣ ҳамчун воситаи асосӣ барои ҳалли мушкилоти глобалӣ, аз ҷумла рушди устувор шинохта шудааст. Маҳз бо назардошти ин нукта Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ҷаласаи 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 24 сентябри соли 2024 иброз доштанд, ки «Технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ барои ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор заминаи муносиб ба шумор мераванд».

Дар маҷмуъ, зеҳни сунъӣ дар ҳалли мушкилоти марбут ба об, дар заминаи таҳлили маълумоти метеорологии ҳарорат, бориш, шароити хок ва сатҳи дарёҳо, давраҳои камобию серобӣ ва хушксолиҳоро пешгӯйи намуда, ба пешгирии ҳолатҳои фавқулода мусоидат намояд. Бо истифодаи системаҳои интеллектуалӣ давра ва меъёри обталабии зироатро муайян намуда, дар соҳаи кишоварзӣ обро сарфа менамояд ва талафоти обёриро коҳиш медиҳад. Бо муайян намудани ифлоскунандаҳо ва пешгӯии паҳншавии онҳо дар об ба таъмин ва ҳифзи сифати об мусоидат менамояд.

Дар самти мубориза ба тағйирёбии иқлим зеҳни сунъӣ барои эҷоди амсилаҳои нисбатан дақиқи иқлимӣ ва пешгӯии гармиҳои шадид, сӯхтори ҷангалҳо, тӯфонҳо ва дигар ҳодисаҳои хатарнок кумак менамояд. Тавассути пешгӯии истеҳсоли энергия самаранокии неругоҳҳои офтобӣ ва шамолиро баланд бардошта, бо ёрии системаҳои интеллектуалӣ ба кам кардани истеъмоли энергия ва коҳиш додани партовҳои CO2 мусоидат менамояд. Ҳамчунин тавассути моҳвораҳо мониторинги ҷангалҳо, пиряхҳо, уқёнусҳо ва дигар экосистемаҳоро хеле осон ва дастрас мегардонад.

Аз ин ҷо бармало мегардад, ки зеҳни сунъӣ дар асри 21 ба яке аз абзорҳои калидии амнияти экологӣ табдил ёфта, неру ва қобилияти асосии он дар пешгӯии мушкилот қабл аз вуқуъ, ёфтани роҳҳои ҳалли беҳтар ва кумак ба инсоният дар истифодаи самараноки об, энергия ва захираҳои табиӣ мебошад. Албатта, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин масир ва дар маҷмуъ, дар ҳалли масъалаҳои экологӣ дар миқёси глобалӣ мавқеи беназир дорад. Аз ҷумла, ҷумҳурӣ барои амнияти обии минтақаи Осиёи Марказӣ аҳаммияти аввалиндараҷа дошта, қисми зиёди захираҳои оби минтақа дар кӯҳсори он тавлид мешаванд. Бинобар ин, масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо, истифодаи оқилонаи об ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим на танҳо аҳаммияти миллӣ, балки байналмилалӣ низ доранд.

Ҳамин тавр, пайгирии ҳадафмандонаи ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат ва татбиқи амалии стратегияи миллии мамлакат дар самти оби иқлим ва инчунин истифодаи технологияҳои муосири рақамию зеҳни сунъӣ метавонад Ҷумҳурии Тоҷикистонро на танҳо ба иштирокчии фаъоли муколамаҳои байналмилалӣ доир ба масъалаҳои глобалии экологӣ, балки ба маркази минтақавии ҳалли инноватсионии амнияти экологӣ дар Осиёи Марказӣ табдил диҳад. Зеро Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми зиёд аз бист сол аст, ки дар соҳаҳои ба ҳам алоқаманде, чун захираҳои об, ҳифзи пиряхҳо, тағйирёбии иқлим, энергияи барқароршаванда ва зеҳни сунъӣ дар арсаи ҷаҳонӣ нақши назаррас ва рӯзафзун дорад.

Номвар ҚУРБОН,
мудири лабораторияи моделкунонии захираҳои об ва равандҳои иқлими
Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,

номзади илмҳои техникӣ, дотсент

Сентябрь 4, 2026 15:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазири мудофиа: «Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Артиши миллии Тоҷикистон роҳи пуршарафу пурмасъулиятро тай намуд»
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Дар Тоҷикистон соли 1991 танҳо 15 театр фаъолият мекард
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР АРСАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бахшида мешавад
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ТОҶИКИСТОН — ТАШАББУСКОРИ РӮЗНОМАИ НАВИ ҶАҲОНИИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Дар ҳошияи қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба таҷлили Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод
ДЕВДАРА ГУЛДАРА ШУД! Ва ё чӣ тавр бо талоши Пешвои миллат он роҳи камраву касногузар ба шоҳроҳи ваҳдат табдил ёфт
РУШДИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРАИ ҲАРБӢ. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҷузъиёти баргузории Конфронси оби СММ-2028 дар Душанбе қатънома қабул намуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГВАРДИЯИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН. Гвардияи миллӣ ба сохтори қудратманди ҳарбии таъйиноти махсус табдил ёфтааст
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН ТО АБАД УСТУВОРУ ПОЯНДА БОШАД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
Панҷ нуктаи омӯзанда аз Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ бо паёми Президенти Тоҷикистон
СОТИМ УЛУҒЗОДА ВА ҚАДРШИНОСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба 115-солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон Сотим Улуғзода