Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар роҳпаймойии сокинони шаҳри Душанбе ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд

Сентябрь 9, 2026 09:06

ДУШАНБЕ, 09.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 9 сентябр дар майдони Истиқлоли пойтахт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳпаймойии сокинони шаҳри Душанбе ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Нахуст Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҳозиринро ба ифтихори ҷашни бузургу муқаддаси 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфтанд.

Таъкид шуд, ки 35 сол муқаддам мардуми тоҷик соҳибистиқлол гардиданд ва таъсиси давлати миллии худро эълон карданд. Яъне миллати тоҷик бо гузашти асрҳои зиёд давлатдории мустақили худро барқарор намуд ва ба давраи комилан нави таърихи худ ворид гардид.

Гуфта шуд, ки дар натиҷаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандии ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта давлати тозаистиқлоли тоҷикон ба хатари нобудӣ рӯ ба рӯ гардид ва пароканда шудани миллати тоҷик ба воқеияти даҳшатноки он рӯзҳо табдил ёфт.

Ба таъкиди Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чунин марҳалаи тақдирсоз мардуми сарбаланду истиқлолхоҳи тоҷик ва фарзандони бонангу номуси он ба хотири ҳифзи давлатдории миллии худ сарҷамъу муттаҳид шуданд ва Ватани маҳбуби хешро аз ин фоҷиа наҷот доданд.

“Соҳиби истиқлоли давлатӣ гардидан ва баъдан бо талошу мубориза ҳифз кардани истиқлолу озодии бадастомада, барқарор намудани сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ бузургтарин дастоварди миллати тоҷик дар таърихи навини худ мебошад”, — иброз доштанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Сарвари давлат маҳз ба ҳамин хотир, ин рӯйдоди бузург, яъне истиқлолро барои мардуми тоҷик сарнавиштсоз арзёбӣ намуданд.

Зикр гардид, ки пешрафту ободиҳое, ки бо дастони мардуми шарифи Тоҷикистон ва бо заҳмати софдилонаи ҳар як фарди Ватан дар 35 соли гузашта анҷом дода шуданд, аз нигоҳи арзиши таърихӣ ба 100 сол баробар аст.

Ба андешаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳимтарин ва бузургтарин дастоварди мо дар ин муддат барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ, истиқрори сулҳи пойдору бебозгашт ва расидан ба ваҳдати миллӣ мебошад, ки бо муборизаву фидокориҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои содиқонаи мардуми шарафманди кишвар ба даст омад.

Таъкид шуд, ки муҳимтар аз ҳама, дар ин муддат насле ба дунё омад ва ба камол расид, ки ҳисси баланди миллӣ дорад, худшиносу худогоҳ ва ватандӯсту ватанпараст аст, дар пайи омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар аст ва омода аст, ки истиқлолу озодии Ватани худро ҳимоя намояд ва кишвари худро боз ҳам ободу пешрафта гардонад.

“Мо бо халқи шарафманди тоҷик, аз ҷумла ҷавонони бонангу номуси худ ифтихор мекунем ва аз ҳар яки онҳо умеди зиёд дорем!”, -таъкид доштанд Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз эътирофи Тоҷикистон ва қабули ташаббусҳои ҷаҳонии кишвар андешаронӣ карда, ташаббуси нави Тоҷикистон доир ба “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, солҳои 2027 — 2036”-ро исботи ин гуфтаҳо номиданд.

Дар фароварди сухан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар сиву панҷумин солгарди истиқлоли давлатии Тоҷикистонро ба кулли мардуми кишвар, сокинони пойтахти зебоямон, ҳамватанону ҳамзабонони бурунмарзӣ ва ҳамаи иштирокдорони роҳпаймоии имрӯза самимона табрик гуфта, ба ҳар як фарди Ватан ва ҳар як хонадони тоҷик бахту саодат, иқболи нек, файзу баракат ва рӯзгори обод орзу намуданд.
Иштирок дар роҳпаймойии сокинони шаҳри Душанбе ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 09.09.2026

Сентябрь 9, 2026 09:06

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ: АЗ ИМТИҲОНИ ТАЪРИХ ТО УФУҚҲОИ РУШДИ МИЛЛӢ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар ин маврид
Истифодаи технологияҳои муосир ва зеҳни сунъӣ самти афзалиятноки сиёсати давлатии Тоҷикистон мебошад
35 ШОҲКОРӢ ДАР ДУШАНБЕ. Дар даврони соҳибистиқлолӣ пойтахти Тоҷикистон ба яке аз шаҳрҳои зеботарини минтақа табдил ёфт
35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
Кормандони «Саноатсодиротбонк» бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Истиқлолияти давлатӣ дар вилояти Суғд ба рушди куллии соҳаҳои ҳаётан муҳим заминаи устувор гузошт
Аҳолии Тоҷикистон то охири соли 2026 ба 11 миллион нафар мерасад
Истиқлол ва рушди саноат: аз сарвати табиӣ то неруи созанда
Кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои тобеи он бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Дар Маркази миллии патенту иттилоот ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатиро таҷлил намуданд
ПАРЛАМЕНТ ВА ДИПЛОМАТИЯИ МИЛЛӢ: 35 СОЛИ ТАҶРИБАИ ДАВЛАТДОРИИ МУСТАҚИЛИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ: давлатсозӣ, сулҳу ваҳдат ва ташаккули сиёсати хориҷии мустақили Тоҷикистон