Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ дар варзишгоҳи шаҳри Бохтар
Ҳамватанони азиз!
Муҳтарам намояндагони мардуми шарафманди
вилояти Хатлон ва шаҳри Бохтар!
Имрӯзҳо мардуми шарифи Тоҷикистон дар остонаи ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ қарор доранд ва ба тантанаҳои ин рӯзи мубораки таърихӣ бо дастовардҳои арзанда омодагӣ мегиранд.
Ба ифтихори ин ҷашни муқаддас ва бузурги миллӣ кулли сокинони сарбаланди вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар ва шумо – ҳозирини гиромиро самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо саломативу хушбахтӣ ва сулҳу оромӣ орзу менамоям.
Ҳамчунин, хотирнишон месозам, ки солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар таърихи навини мардуми Тоҷикистон, хусусан барои сокинони вилояти Хатлон давраи ниҳоят ҳассосу сарнавиштсоз ва озмоиши азму иродаи онҳо буд.
Ҳанӯз аз рӯзҳои аввали истиқлоли давлатӣ як зумра афроди асолатбохта бо дастуру иғвои бадхоҳони миллати тоҷик ба сари мардуми шарифи Тоҷикистон ҷангеро таҳмил намуданд, ки пеш аз ҳама, оромиву осудагии сокинони вилояти Хатлонро аз байн бурд.
Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хавфи аз даст рафтани истиқлоли давлатӣ, пароканда гардидани миллат ва аз харитаи сиёсии олам нест шудани Тоҷикистонро ба воқеият табдил дод.
Вилояти Хатлон ва бахусус шаҳри Бохтар, ки дар замони ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ яке аз нуқтаҳои даргир ва ноороми кишвар ба ҳисоб мерафт, он солҳо хисороти ҷиддии моддиву маънавӣ дид.
Бештари мардум аз хонаву дари худ маҳрум монда, ба кишварҳои бегона гуреза шуданд.
Ҳазорон манзили истиқоматӣ ва муассисаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла мактабу беморхонаҳо ва дигар иншооти иҷтимоӣ сӯхтаву валангор гардиданд.
Дар он шабу рӯзҳои фоҷиабор сулҳу оромӣ ва амнияту осоиши ҷомеа ба орзуи ягонаи мардуми азияткашида табдил ёфта буд.
Дар вазъияти баамаломада Ҳукумати мамлакат аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода карда, ҷиҳати таъмин намудани амнияти ҷомеа, бехатарии мардум, ба Ватан баргардонидани гурезаҳо ва бо шароити зиндагии орому осоишта таъмин кардани аҳолии вилоят чораҳои бетаъхир андешид.
Дар ин раванди мураккаби баркарорсозиву созандагӣ мардуми бонангу номус ва қавииродаи вилояти Хатлон ва шаҳри Бохтар саҳми таърихӣ гузоштанд.
Маҳз ба шарофати тадбирҳои саривақтии аз ҷониби давлату Ҳукумати мамлакат амалигардида, талошҳои хастагинопазири мардуми заҳматқарин ва саҳми соҳибкорони ватандӯст имрӯз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, аз ҷумла шаҳри Бохтар дар радифи зеботарин минтақаҳои мамлакат қарор доранд.
Бунёду азнавсозии ҳазорон иншооти иҷтимоиву истеҳсолӣ, роҳу пулҳо ва дигар ободиҳо ҳоло нишондиҳандаи рушди бесобиқаи вилоят ва боиси ифтихору сарфарозии ҳар як сокини он мебошад.
Бинобар ин, ба мардуми сарбаланду соҳибмаърифат ва соҳибкорони ватандӯсту ҳимматбаланди вилоят ва шаҳри Бохтар миннатдории самимӣ изҳор менамоям.
Вилояти Хатлон ҳамчун меросбари таъриху тамаддуни бостонии миллати куҳанбунёди тоҷик яке аз минтақаҳои муҳимми сайёҳиву фарҳангии кишвар ба шумор меравад.
Имрӯз дар ҳудуди вилоят осори зиёди таърихи пурифтихори гузашта мавҷуд аст, ки аз қадимӣ будани ин минтақа ва шуғли аҳолии он дарак медиҳад.
Маҳз эътирофи чунин таърихи бостонӣ ва ҷузъе аз тамаддуни башарият ба шумор рафтани ин ёдгориҳо буд, ки даҳҳо номгӯй аз онҳо ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО дохил карда шудаанд.
Сокинони заҳматқарини вилоят имрӯзҳо бо арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги ниёгон ва бо ҳисси баланди ватандӯстиву ифтихори миллӣ дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангиву маънавии кишвар фаъолона иштирок намуда, дар татбиқи сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати мамлакат саҳми арзишманд гузошта истодаанд.
Ҳозирини арҷманд!
Мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки ҳама дастоварду пешрафтҳои мо маҳз ба шарофати истиқлоли давлатӣ, сарҷамъиву иттиҳод ва заҳмати содиқонаи мардуми шарифи Тоҷикистон ба даст омадаанд.
Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки дар ҳифзу таҳкими дастовардҳои давлатдории навинамон талоши аз ин ҳам бештар намоем, фарзандонамонро дар руҳияи худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, эҳтиром ба таъриху фарҳанги миллӣ ва заҳмати софдилонаву содиқона тарбия намоем.
Ҷавонони даврони истиқлол, ки парчамбардор ва меросбарони тамаддуни ориёӣ ва гузаштагони бофарҳангу соҳибмаърифати миллати тоҷик мебошанд, бояд хуб донанд, ки ояндаи дурахшони ин миллату давлат маҳз ба кӯшишу ғайрат, иродаву матонат ва заҳмати бунёдгаронаи онҳо вобаста мебошад.
Дар баробари ин, ҷавононро зарур аст, ки дар пешорӯи таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир зиракии сиёсиро аз даст надода, дар назди Ватан ва миллат масъулияти боз ҳам бештар ҳис намоянд ва дар ҳимояи манфиатҳои миллат ва давлати худ ҳамеша омода бошанд.
Ман ба ҳисси баланди ватандӯстӣ, нангу номуси миллӣ, ҷасорату ирода ва садоқату заҳматдӯстии сокинони вилояти Хатлон, аз ҷумла шаҳри бостонии Бохтар бовар дорам.
Бори дигар кулли сокинони шарафманду сарбаланди вилояти Хатлонро ба ифтихори ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ табрик мегӯям.
Бигзор, шукуҳи истиқлолу озодӣ ва тантанаи соҳибдавлативу ватандорӣ дар фазои Тоҷикистони маҳбубамон ва ҳар як хонадони тоҷик ҳамеша танинандоз бошад.
Ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатии тоҷикон муборак бошад, ҳамватанони азиз!








Вазири мудофиа: «Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Артиши миллии Тоҷикистон роҳи пуршарафу пурмасъулиятро тай намуд»
Дар Москва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Оид ба дастовардҳои илмии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ ҳамоиш доир шуд
Сокинони шаҳри Норак ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бошукуҳ таҷлил намуданд
«Эмомалӣ Раҳмон — муаррифгари таърихи ниёгон ва тамаддуни навини тоҷикон». Таҳти ин унвон китоб ба нашр расид
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР АРСАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бахшида мешавад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳинро пас аз навсозӣ ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон мулоқот намуданд
Китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ба забони олмонӣ нашр гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд
«БУРҶИ ДУШАНБЕ» — 77 ОШЁНА ВА 340 МЕТР БАЛАНДӢ. Сохтмони баландтарин иншоот дар пойтахти Тоҷикистон оғоз гардид
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон






