Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози роҳпаймоии сокинони шаҳри Душанбе ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
09.09.2026, шаҳри Душанбе
Ҳамватанони азиз!
Сокинони муҳтарами пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол!
Ҳамаи шуморо бори дигар ба ифтихори ҷашни бузургу таърихӣ – 35-солагии истиқлолу озодии Ватани азизамон самимона табрик мегӯям.
Сиву панҷ сол пеш Тоҷикистони маҳбуби мо соҳиби истиқлол гардид ва халқи тоҷик имкони соҳибихтиёрӣ, муайян намудани роҳи мустақили пешрафту тараққиёт ва эҳёи арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ ва анъанаҳои давлатдории бостониро ба даст овард.
Дар ин давра Тоҷикистон роҳи ниҳоят сахту сангин, вале пуршарафи давлатсозиро тай намуд.
Хусусан, солҳои аввали истиқлол барои мардуми мо солҳои бисёр ҳассосу тақдирсоз буданд.
Дар он айём хатари аз байн рафтани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва пароканда гардидани миллати тоҷик ба миён омада буд.
Вале бархилофи нақшаҳои шуми доираҳои манфиатҷӯй бо иродаи қавии мардуми кишвар ва талошҳои ватандӯстонаи фарзандони бонангу номуси миллат дар кишварамон сулҳу субот ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ барқарор гардид.
Маҳз сулҳу субот ва оромии ҷомеа барои созандагиву ободонии Ватан ва пешрафти устувори давлат заминаи мустаҳкам фароҳам овард.
Муҳимтар аз ҳама, мардум ба ояндаи дурахшони Тоҷикистон эътимод пайдо карданд ва маҳз ҳамин эътимод омили тараққиёти минбаъдаи кишварамон гардид.
Имрӯз мо бо ифтихор метавонем изҳор намоем, ки Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ба шарофати заҳмати содиқона ва талошҳои ватандӯстонаи мардум ба марҳалаи нави рушд қадам гузоштааст.
Вале набояд фаромӯш кард, ки дар шароити ноорому буҳронии ҷаҳони муосир ҷиҳати вусъат додани заҳмати созанда ва зиндагии арзанда барои мо сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва оромии ҷомеа неъмати аз ҳама арзишманд мебошад ва ҳифзи он вазифаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Зеро танҳо дар фазои амну ором давлат метавонад пеш равад, иқтисод рушд кунад ва сокинони мамлакат ба заҳмати созанда машғул шаванд.
Маҳз ҷиҳати ҳифзи сулҳу оромӣ, ки хусусан солҳои охир ба масъалаи мубрами ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст, чанде пештар қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, 2027 – 2036», ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, қабул гардид.
Иқдоми мазкур саҳми кишвари соҳибистиқлоли мо дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ ва албатта, мояи ифтихори мардуми он мебошад, ки ҳамагӣ чанд даҳсола қабл аз ин ҷанги даҳшатноки таҳмилии шаҳрвандиро аз сар гузаронидаанд.
Ҳамватанони гиромӣ!
Мехоҳам бо қаноатмандиву ифтихор як нуктаи муҳимро иброз намоям: ҳамаи ободиҳое, ки то имрӯз дар кишвари азизамон, аз ҷумла дар пойтахти он – шаҳри Душанбе амалӣ гардидаанд, аз баракати истиқлолу озодӣ мебошанд.
Бинобар ин, мо бояд ҳамеша шукрона кунем, ки соҳибватану соҳибдавлат ҳастем, дар Ватани озод ва давлати соҳибихтиёр зиндагӣ мекунем.
Мо бояд ба қадри неъмати бебаҳои истиқлолу озодӣ, сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ расем ва барои ҳифз кардану таҳким бахшидани пояҳои истиқлоли Ватани маҳбубамон бо иттиҳоду сарҷамъӣ саъйу талош намоем.
Ҳамчунин, мо бояд ифтихор кунем, ки вориси яке аз тамаддунҳои қадимтарини ҷаҳон, яъне ориёӣ ҳастем ва тамаддунсозиву фарҳангофарӣ, созандагиву ободгарӣ дар ниҳоди мо аз замонҳои бисёр қадим реша давонидааст.
Бори дигар кулли ҳамватанони гиромӣ ва ҳамаи шумо – ҳозирини ин майдони бошукӯҳро ба ифтихори ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ самимона табрик мегӯям.
Ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии пойтахти азизамон – шаҳри Душанбе ва сокинони он барои заҳмати содиқонаву ватандӯстона, ободу зебо гардонидани шаҳр ва иштироки фаъолонаашон дар чорабиниҳои ҷашнӣ миннатдорӣ баён менамоям.
Хотирнишон менамоям, ки мо бояд боз ҳам заҳмат кашем, Ватани азизамон ва пойтахти онро ободу пешрафта гардонем, то тавонем дар қатори ҷомеаи мутамаддини башарӣ ҷойгоҳи шоиста пайдо намоем.
Бигзор, истиқлоли давлатӣ ҷовидон, ваҳдати миллӣ пойдор ва Парчами давлати Тоҷикистон ҳамеша парафшон бошад!
Бигзор, Ватани азизамон боз ҳам ободу пешрафта гардад, сулҳу оромӣ дар кишвари биҳиштосоямон пойдор бошад ва дар хонадонамон файзу баракат зиёда гардад!
Ба ҳар як хонадони мамлакат саломатӣ, рӯзгори обод, саодати зиндагӣ ва ба Тоҷикистони маҳбубамон сулҳу суботи ҷовидонӣ ва пешрафту ободии боз ҳам бештар орзу менамоям.
Ҳамеша сарбаланду пирӯз бошед, ҳамдиёрони гиромӣ!
Ҷашни истиқлолу озодии Ватани маҳбубамон муборак бошад, ҳамватанони азиз!
Зиндаву ҷовидон бод, Тоҷикистони соҳибистиқлол!








ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ СОҲИБКОРӢ. Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон беш аз 100 созишнома ва Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонидааст
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирски Русия чорабинии тантанавӣ доир шуд
Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатиро дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба таври шукуҳманд таҷлил намуданд
СИНАМОИ ТОҶИК ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра беш аз 300 филм ба навор гирифта шудааст
Абдураҳмон Абдураҳмонзода: «Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ чун давлати дорои суръати баланди рушди иқтисодӣ шинохта шуд»
АЗ ИСТИҚЛОЛ ТО РУШДИ УСТУВОР. Андешаҳо дар мавриди 35 соли пурифтихори Истиқлолияти давлатӣ
ТОҶИ ШАЪНУ ЭЪТИБОРАТ, ТОҶИКИСТОН, ЗИНДА БОД! Истиқлоли давлатӣ беҳин дастоварди инсонӣ аст, ки мо шарафманди он гардидаем
Аз барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Давлати Кувайт ва Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол сипарӣ мегардад
ҲИЗБЕ, КИ ДАР ДАВРАИ ИСТИҚЛОЛ БАРОИ ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ ТАЛОШ НАМУД. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
Идомаи табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ: АЗ ИМТИҲОНИ ТАЪРИХ ТО УФУҚҲОИ РУШДИ МИЛЛӢ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар ин маврид
Истифодаи технологияҳои муосир ва зеҳни сунъӣ самти афзалиятноки сиёсати давлатии Тоҷикистон мебошад






