Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паради ҳарбӣ бахшида ба муносибати ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ

Сентябрь 7, 2026 09:00
07.09.2026, шаҳри Душанбе 

Муҳтарам генералҳо ва афсарону сарбозон!

Ҳамватанони азиз!

Имрӯз мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон дар арафаи ҷашни бузурги миллӣ – 35-умин солгарди истиқлоли давлатӣ қарор доранд.

Ин санаи таърихӣ барои ҳар як шаҳрванди мамлакат рамзи ифтихор аз давлатдории миллӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои муқаддаси истиқлолу озодӣ ва масъулият дар назди имрӯзу ояндаи кишвар мебошад.

Зеро истиқлолу озодӣ барои мо бузургтарин дастоварди таърихӣ ва заминаи асосии рушди давлатдории миллӣ мебошад.

Ба ифтихори ин ҷашни бузургу муқаддаси миллӣ кулли мардуми Тоҷикистон, афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, собиқадорони хизмати ҳарбӣ ва ҳамаи шумо – ширкаткунандагони паради ҳарбиро самимона табрик мегӯям.

Ҳозирини гиромӣ!

Тоҷикистон дар зарфи 35 соли соҳибистиқлолӣ роҳи басо сахту сангинро тай намуд ва аз санҷишҳои сахти таърих гузашт.

Хусусан, солҳои аввали соҳибихтиёрӣ барои кишвари мо давраи бисёр мураккаб буданд.

Ҷанги таҳмилии шаҳрвандии ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта ба давлати тоҷикон, ки нахустин қадамҳои мустақили худро мегузошт, зарари бузурги сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ расонид.

Дар он рӯзҳои вазнин масъалаҳои барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таъмин намудани сулҳу оромӣ, тартиботи ҳуқуқӣ, волоияти қонун ва ваҳдати миллӣ ба вазифаи тақдирсоз табдил ёфта буданд.

Мардуми тоҷик ва фарзандони огоҳу бонангу номуси он, бо вуҷуди ҳамаи мушкилот, ба шарофати хиради миллӣ ва эҳсоси баланди масъулият тавонистанд давлати миллии худро аз нобудӣ ва миллати тоҷикро аз парокандагӣ ҳифз намоянд, суботи сиёсиро таъмин созанд ва барои рушди устувори кишвар заминаи боэътимод гузоранд.

Дар амалӣ намудани ин вазифаи таърихӣ ва рисолати сарнавиштсоз хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нақши барҷаста бозида, ба хотири ҳимояи сохти конститутсионӣ, амнияти давлат, оромии мардум ва пойдории қонуният ҷасорату фидокориҳои бесобиқа нишон доданд.

Таърихи 35 соли гузашта возеҳан нишон дод, ки миллати тоҷик аз давраҳои хеле қадим соҳиби тамаддун ва фарҳанги ғанӣ, тафаккури созанда, суннатҳои деринаи давлатдорӣ ва арзишҳои сулҳпарваронаву инсондӯстона мебошад.

Дар шароити бисёр мураккабу ҳассоси ҷаҳони муосир ҳифзу таҳкими ин арзишҳо, инчунин, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву масъулиятшиносӣ, ҳимояи амнияти давлат, суботи ҷомеа, нигоҳ доштани фазои орому созандаи сиёсиву иҷтимоӣ барои давлат ва миллати тоҷик аҳаммияти ҳаётӣ ва сарнавиштсоз дорад.

Дар чунин шароит масъулияти хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ рӯз ба рӯз ва даҳчанд меафзояд.

Зеро онҳо яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ва кафили амнияту суботи кишвар мебошанд ва Конститутсияи Тоҷикистон ҳимояи неъмати бузурги истиқлолу озодиро ба зиммаи афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гузоштаанд.

Имрӯз мо бо ифтихор иброз медорем, ки тайи 35 соли соҳибистиқлолӣ Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ба неруи муназзаму муосир, қудратманд ва касбӣ табдил ёфтаанд.

Ҳоло хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вазифаҳои хизматии худро бо ҳисси баланди миллӣ, ҷавонмардона ва содиқона иҷро карда истодаанд.

Таъкид менамоям, ки ҳисси баланди ватандӯстӣ, пеш аз ҳама, дар иҷрои содиқонаи вазифаҳои хизматӣ, эҳтироми қонун, масъулиятшиносӣ ва омодагӣ барои ҳимояи манфиатҳои миллӣ зоҳир мегардад.

Аз ин рӯ, риояи қонун, талаботи ойинномаҳои ҳарбӣ, мунтазам баланд бардоштани сатҳи касбият, масъулиятшиносӣ, садоқат ба Ватан, давлат ва халқи Тоҷикистон вазифаи муҳимтарину муқаддаси ҳар як афсар ва сарбоз мебошад.

Ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки хизмати ҳарбӣ танҳо иҷрои вазифаҳои касбӣ нест, балки нишонаи шараф, нангу номус ва иҷрои содиқонаи қарзи фарзандӣ дар назди сарзамини аҷдодӣ мебошад.

Ҳар як хизматчии ҳарбӣ бояд дарк намояд, ки амнияти кишвар аз донишу малака, сатҳи баланди касбият, ҷасорату далерӣ ва зиракии ӯ вобастагии бевосита дорад.

Муҳтарам афсарону сарбозон!

Паради ҳарбии имрӯза рамзи интизому омодагии баланд ва садоқату вафодории фарзандони далеру шуҷои Тоҷикистон ба давлат, Ватан ва миллат мебошад.

Таърихи 35 соли соҳибистиқлолӣ нишон дод, ки афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ амнияту суботи давлат ва зиндагии орому осудаи мардуми Тоҷикистонро чун сипари боэътимод ҳимоя карда, ба эҳтирому ифтихори шаҳрвандони мамлакат сазовор гардидаанд.

Бовар дорам, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, яъне фарзандони содиқу вафодори мардуми Тоҷикистон минбаъд низ вазифаҳои худро содиқона, бо масъулияти баланд ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ иҷро хоҳанд кард.

Бори дигар тамоми мардуми шарафманди кишвар ва ҳамаи шумо – ҳомиёни далеру шуҷои Ватанро ба ифтихори ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистони маҳбубамон самимона табрик мегӯям.

Ба ҳар як хонадони кишвар, пеш аз ҳама, саломатӣ, хушбахтӣ ва ба ҳар як хизматчии ҳарбӣ руҳи матин ва иродаи қавӣ орзу менамоям.

Пояндаву ҷовидон бод истиқлоли давлатии Тоҷикистон!

Шараф ба афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистони соҳибистиқлол!

Сентябрь 7, 2026 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иншооти иҷтимоию иқтисодӣ ба истифода дода шуданд
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии Бадахшон беш аз 26 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Пешвои миллат: «Маҷмуи маҳсулоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 25 соли охир 93 баробар афзоиш ёфтааст»
Дар Бадахшон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 1545 иншооти таъйиноти гуногун сохта, ба истифода дода шудааст
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Эмомалӣ Раҳмон: «Муассисаи таълимии №6-и шаҳри Хоруғ ба номи шодравон Алишери Мирзонабот гузошта шавад»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ВМКБ
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар тантанаҳои идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон якчанд иншооти муҳими соҳаи энергетикаро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ифтитоҳ намуданд