ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 сентябр, душанбе, 257-умин рӯзи соли 2026 аст
14 сентябри соли 2005 дар таърихи навини Тоҷикистон рӯйдоди басе муҳиму арзишманди байналмилалӣ ба вуқуъ пайваст. Дар ин рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз минбари олитарин ташкилоти бонуфузи олам — Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ ва диққати аҳли сайёраро ба ҳалли масъалаҳои глобалии умумибашарӣ ҷалб намуданд.
***
14 сентябри соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо президентони Қирғизистон, Қазоқистон, Арманистон ва Беларус, ки барои иштирок дар ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба Душанбе ташриф оварда буданд, мулоқот анҷом доданд.
***
14 сентябри соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ — иштирокчиёни Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал дар деҳкадаи Бӯстонсарои ҳукуматӣ маҳфили «Шоми дӯстӣ» доир намуданд.
14 СЕНТЯБР:
Дар Руминия – Рӯзи муҳандис.
РӮЙДОДҲО:
14 сентябри соли 1811 дар Русия сохти феодалӣ бекор карда шуд.
***
14 сентябри соли 1991 Ҳизби коммунистии Узбекистон пароканда шуда, аз нав ҳамчун Ҳизби Халқӣ-Демократӣ ташкил гардид.
***
14 сентябри соли 2009 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ маросими кушодашавии филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов баргузор гардид.
***
14 сентябри соли 2010 дар Маҷмааи давлатии «Кохи Вахдат» машварати навбатии роҳбарони роҳи оҳани кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Балтия доир шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2014 Тоҷикистон ва Қазоқистон шарики стратегӣ шуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар шаҳри Душанбе дар ҷараёни брифинг ҷавонони тоҷикро барои таҳсил ба мактабҳои олии Қазоқистон даъват намуд.
***
14 сентябри соли 2017 рӯзномаи Парлумони Озарбойҷон бо номи «Истиқлолияти Тоҷикистон дар роҳи расидан ба рушд» мақола нашр намуд.
***
14 сентябри соли 2017 Париж ва Лос-Анҷелес расман пойтахти Бозиҳои олимпии 2024 ва 2028 эълон карда шуданд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1939 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико нахустин маротиба чархбол ба ҳаво парвоз намуд.








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 сентябр, якшанбе, 256-умин рӯзи соли 2026 аст






