ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 сентябр, чоршанбе, 259-умин рӯзи соли 2026 аст

Сентябрь 16, 2026 08:00

16 сентябри соли 2011  бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 15-солагии таъсиси Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон ҷашн гирифта шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи навбатии Шурои сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар қароргоҳи ҳукуматии Ала-Арчаи Ҷумҳурии Қирғизистон суханронӣ намуданд.

***

16 сентябри соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе меҳмонхонаи 5 ситорадори “Кровн Плаза Душанбе” (Crowne Plaza Dushanbe)-ро бо Маркази бузурги тиҷоратӣ мавриди истифода қарор доданд.

16 СЕНТЯБР:

 Рӯзи байналмилалии ҳимояи қабати озон.

***

Рӯзи байналмилалии кардиологияи дахолатӣ.

***

Рӯзи байналмилалии илм, технология ва инноватсия барои Ҷануб.

***

Дар Мексика – Рӯзи истиқлолият.

***

Дар Қирғизистон- Рӯзи кормандони Хадамоти амнияти давлатӣ.

РӮЙДОДҲО:

16 сентябри соли 2010 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таҷдиди сохторию идории Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул кард.

***

Дар ин рӯзи соли 1940 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои мардони аз 21 то 35-сола қонун дар бораи уҳдадориҳои умумиҳарбӣ қабул гардид.

***

16 сентябри соли 1959 Президенти вақти Фаронса Шарл де Голл ба аҳолии Алҷазоир пешниҳод кард, ки барои ба даст овардани истиқлолият аз Фаронса раъйпурсӣ баргузор намоянд.

***

 16 сентябри соли 2006 дар Тоҷикистон сохтмони Хати интиқоли барқи «Ҷануб-Шимол» оғоз гардид.

***

16 сентябри соли  2007 дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия ҷудочии тоҷик  Расул Боқиев дар Чемпионати ҷаҳон мақоми сеюм ба даст оварда, ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2008 ба шаҳри Пекин роҳхат гирифт.

***

16 сентябри соли 2015 дар «Кохи Наврӯз» — и шаҳри Душанбе 5-умин Фестивали байналмилалии телевизионии «ТЭФИ-Содружество» баргузор гардид.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

 Соли 1955 аввалин маротиба дар ҷаҳон аз киштии зериобӣ ракетаи низомӣ-баллистикӣ сар дода шуд.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Низом Қосим — соли 1958 — адиб, Шоири халқии Тоҷикистон, Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.

 

Сентябрь 16, 2026 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 ноябр, якшанбе, 312-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 ноябр, шанбе, 311-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 ноябр, ҷумъа, 310-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 ноябр, панҷшанбе, 309-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 ноябр, чоршанбе, 308-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 ноябр, сешанбе, 307-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 ноябр, душанбе, 306-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 ноябр, якшанбе, 305-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 31 октябр, шанбе, 304 — умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 октябр, ҷумъа, 303-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 октябр, панҷшанбе, 302 — юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 октябр, чоршанбе, 301 — умин рӯзи соли 2026 аст