ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 сентябр, панҷшанбе, 260-умин рӯзи соли 2026 аст

Сентябрь 17, 2026 08:00

17 сентябри соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар таҳрири нав ба имзо расониданд.

***

 17 сентябри соли 2013 дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯдакистони президентӣ барои кӯдакони болаёқат ба истифода дода шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2015 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати мамлакат Конференсияи байналмилалӣ  бахшида ба 20-солагии таъсиси Суди  конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар мавзуи «Адолати суди конститутсионӣ-  кафолати таъмини волоияти Конститутсия» баргузор гардид.

***

17 сентябри соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар Нишасти дуюми Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар вохӯрӣ сарони давлатҳо самтҳои минбаъдаи ҳамкории судманди кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Олмонро мавриди муҳокима қарор доданд.

17 СЕНТЯБР:

Рӯзи ҷаҳонии бехатарии беморон.

***

Дар Ангола – Рӯзи қаҳрамонон.

РӮЙДОДҲО:

17 сентябри соли 1918 дар Испания клуби футболи «Валенсия» ташкил гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 1941 дар собиқ Иттиҳоди Шуравӣ омӯзиши ҳатмии корҳои ҳарбӣ барои ҳама шаҳрвандон амалӣ карда шуд.

***

17 сентябри соли 1991 Латвия, Литва, Эстония, Кореяи Шимолӣ ва Ҷанубӣ аъзои Созмони Милали Муттаҳид шуданд.

 ***

17 сентябри соли 2009 дар шаҳри Душанбе конференсияи  байналмилалии «Молия барои рушди авиатсия» баргузор гардид.

***

17 сентябри соли 2010 Ҳафтаи Олмон дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт.

***

17 сентябри соли 2013 дар Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ба итмом расидани марҳилаи аввали амалишавии лоиҳаи «Шаҳри бехатар» нишасти матбуотӣ доир шуд.

***

17 сентябри соли 2016 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ  мавсими 76-уми театрӣ ифтитоҳ ёфт.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1922 дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия аввалин консерти радиоӣ баргузор гардид. Дар ин рӯз аввалин маротиба калимаҳои «Гӯш кунед! Москва гап мезанад!» садо доданд.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Фаррух Қосимов – соли 1948— Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ.

Сентябрь 17, 2026 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 сентябр, чоршанбе, 259-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 сентябр, сешанбе, 258-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 сентябр, душанбе, 257-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 сентябр, якшанбе, 256-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 сентябр, шанбе, 255-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 сентябр, ҷумъа, 254-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 сентябр, панҷшанбе, 253-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 сентябр, чоршанбе, 252-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 сентябр, сешанбе, 251-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 сентябр, душанбе, 250-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 сентябр, якшанбе, 249-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 сентябр, шанбе, 248-умин рӯзи соли 2026 аст