ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 сентябр, шанбе, 262-юмин рӯзи соли 2026 аст

Сентябрь 19, 2026 08:00

19 сентябри соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия», «Дар бораи зотпарварӣ», «Дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ» ва «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ»-ро ба имзо расониданд.

***

19 сентябри соли 2017 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк дар доираи Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар  чорабинии сатҳи баланд зери унвони «Дар роҳи татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» суханронӣ намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 дар шаҳри Ню-Йорк дар доираи Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва  Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гуттериш доир ба тақвияти ҳамдастӣ дар таъмини амнияту субот дар Афғонистон, муборизаи беамон бар зидди терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ табодули афкор намуданд.

***

19 сентябри соли 2024  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ноҳияи Данғара ташриф оварда, бо гузоштани санги асос ба сохтмони бинои Маркази ҷавонон дар ноҳия оғози расмӣ бахшиданд.

19 СЕНТЯБР:

Рӯзи байналмилалии ҷарроҳ

***

Дар Чили – Рӯзи қувваҳои мусаллаҳ.

РӮЙДОДҲО:

19 сентябри соли 1864 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико нишастгоҳи кушодашавандаи мошин ихтироъ гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 1973 дар Федератсияи Русия низоми ягонаи ҳимояи ҳуқуқи муаллиф таъсис дода шуд.

***

19 сентябри соли 1990 дар шабакаи ҷаҳонии интернет аввалин домени ватании SU –домени дохилии сатҳи баланд барои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ба қайд гирифта шуд.

***

19 сентябри соли 2016 барномаи ҳаррӯзаи иттилоотии «Навид»-и Шабакаи телевизиони Тоҷикистон — «Сафина» ҷоизаи Фестивали бйналмилалии телевизионии «ТЭФИ Содружество — 2016»-ро, ки дар шаҳри Ереван баргузор гардид, соҳиб шуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1888 аввалин маротиба дар таърихи ҷаҳон дар Белгия озмуни зебоӣ баргузор шуд.

Сентябрь 19, 2026 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 сентябр, ҷумъа, 261-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 сентябр, панҷшанбе, 260-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 сентябр, чоршанбе, 259-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 сентябр, сешанбе, 258-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 сентябр, душанбе, 257-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 сентябр, якшанбе, 256-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 сентябр, шанбе, 255-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 сентябр, ҷумъа, 254-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 сентябр, панҷшанбе, 253-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 сентябр, чоршанбе, 252-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 сентябр, сешанбе, 251-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 сентябр, душанбе, 250-умин рӯзи соли 2026 аст