ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 сентябр, шанбе, 269-умин рӯзи соли 2026 аст

Сентябрь 26, 2026 08:00

26 сентябри соли 2008 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаи умумии Иҷлосияи 63-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ намуданд.

***

26 сентябри соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Ваҳдат дар деҳоти Раҷаб Исмоилов бо нашъунамои дарахтони хоҷагии ниҳолпарварӣ, намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва рафти кишти такрорӣ шинос шуданд.

***

26 сентябри соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба фаъолияти боз як корхонаи саноатӣ – ҶДММ «Зиннат Гач» оғоз бахшиданд.

***

 26 сентябри соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсоли хишти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Талант»-ро ба истифода доданд.

26 СЕНТЯБР:

Рӯзи Маҷлиси Олӣ — Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

***

Рӯзи байналмилалии мубориза барои пурра нобуд намудани яроқи ядроӣ.

***

Рӯзи забонҳои аврупоӣ.

***

Дар Эквадор – Рӯзи парчами миллӣ.

РӮЙДОДҲО:

26 сентябри соли 1786 Англия ва Фаронса созишномаи тиҷоратӣ ба имзо расониданд.

***

Дар ин рӯзи соли 1994 Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таҳримҳоеро, ки ба муқобили Гаити равона карда буд, бекор намуд.

***

26 сентябри соли 1994 дар Швейтсария тарғиби нажодпарастӣ манъ карда шуд.

***

26 сентябри соли 1999 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия раъйпурсии умумихалқӣ баргузор гардид.

***

26 сентябри соли 2011 дар шаҳри  Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон Ҷоми ҷаҳон оид ба дзюдо баргузор гардид, ки варзишгари тоҷик Расул Боқиев дар вазни 73 кг барандаи ин ҷом гардид.

***

26 сентябри соли 2011 вакилони Парлумони Британияи Кабир ва ҷамъияти соҳибкорони Тоҷикистон масоили ҳамкориро баррасӣ намуданд.

***

26 сентябри соли 2011 дар ноҳияи Айнӣ хати 220-киловолтаи Хуҷанд-Айнӣ ба истифода дода шуд.

***

26 сентябри соли 2013 дар «Наврӯзгоҳ»- и пойтахт барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  мусобиқаи байналмилалии ҷудо баргузор шуд.

***

26 сентябри соли 2020 Театри давлатии драмаи  мусиқии ба номи Туҳфа Фозиловаи шаҳри Конибодом нахустнамоиши спектакли «Бозичаҳо»-ро ба таври онлайн дар саҳифаи театр дар шабакаи иҷтимоии  «You tube» доир намуд.

***

26 сентябри соли 2023 варзишгари тоҷик Темур Раҳимов дар Бозиҳои Осиёии Ҳангжоу-2022 аз намуди гӯштини ҷудо соҳиби медали нуқра гардид.

***

26 сентябри соли 2025  дар шаҳри Москва ҷаласаи 21-уми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия оид ба ҳамкории иқтисодӣ бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва муовини Раиси Ҳукумати Русия Марат Хуснуллин баргузор шуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1966 Ҷопон аввалин радифи кайҳонии худро ба фазо сар дод.

***

Соли 2013 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки варзишгардухтари тоҷик аз шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд Муниса Адилматова дар вазни 68 кг дар мусобиқаи варзишии байналмилалӣ байни иштирокдорони аз 18-сола боло медали тилло ва Ҷоми ҷаҳон оид ба карате-доро соҳиб шуд.

Сентябрь 26, 2026 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 сентябр, ҷумъа, 268-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 сентябр, панҷшанбе, 267-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 сентябр, чоршанбе, 266-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 сентябр, сешанбе, 265-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 сентябр, душанбе, 264-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 сентябр, якшанбе, 263-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 сентябр, шанбе, 262-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 сентябр, ҷумъа, 261-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 сентябр, панҷшанбе, 260-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 сентябр, чоршанбе, 259-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 сентябр, сешанбе, 258-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 сентябр, душанбе, 257-умин рӯзи соли 2026 аст