Робитаҳои тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Корея тақвият меёбанд
ДУШАНБЕ, 16.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар мулоқоти сарони давлатҳои Тоҷикистону Корея муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Ли Ҷе Мён масоили таҳкиму тавсеа ва густариши муносибатҳои ҳамкорӣ баррасӣ шуда, иштироки фаъоли доираҳои соҳибкорӣ, ҷалби сармояи мустақим ва технологияҳои навини Ҷумҳурии Корея ба Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур шуморида шуд.
Ҳамзамон тақвияти муносибатҳои дӯстона бо Ҷумҳурии Корея аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии Тоҷикистон арзёбӣ гардида, пайвандҳои таърихӣ, муносибатҳои деринаи дӯстӣ ва арзишҳои инсондӯстонаи мардумони ду давлат таъкид карда шуд. Муколамаи фаъоли сатҳи олӣ ва баланди байнидавлатӣ омили таконбахши муносибатҳои гуногунҷанба байни ду давлати дӯст арзёбӣ гардид.
Ба таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея заминаи муносиби ҳуқуқии робитаҳо фароҳам мебошад.
Таъкид гардид, ки дар робитаҳои ду давлат авлавият ба бахшҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, саноат, энергетика, нақлиёту логистика, рақамикунонӣ, технология ва зеҳни сунъӣ, кишоварзӣ, муҳоҷирати корӣ, ҳифзи муҳити зист ва сайёҳӣ дода мешавад.
Ифтитоҳи намояндагии Агентии рушди савдо ва сармоягузории Корея (KOTRA) дар Тоҷикистон ҷонибдорӣ гардида, ба фаъолияти Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва баҳрабардорӣ аз Фонди рушди ҳамкории иқтисодӣ (EDCF) дар густариши робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуд.
Аз баргузории Форуми нахустини маъданҳои муҳимми Тоҷикистону Корея дар шаҳри Сеул дар моҳи август ва муаррифии имконияти сармоягузорӣ ба бахши коркарди захираҳои маъдании Тоҷикистон истиқбол карда шуд.
Иштироки фаъоли ниҳодҳои дахлдор ва сармоягузорони Корея дар амалисозии лоиҳаҳои стратегии Тоҷикистон ба манфиати кор дониста шуд. Ҳамчунин идомаи татбиқи марҳилаи сеюми лоиҳаи «Рушди деҳоти Тоҷикистон», ки дар ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Корея шуруъ аз соли 2021 амалӣ мешавад, муҳим арзёбӣ гардид.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»








Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст






