Вазирони нақлиёти Тоҷикистон ва Корея тақвияти ҳамкориро дар соҳаи нақлиёт ва роҳи оҳан баррасӣ намуданд

Сентябрь 16, 2026 17:14

ДУШАНБЕ, 16.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди ҳамкории судманд бо Ҷумҳурии Корея дар самти навсозӣ ва рушди устувори соҳаи нақлиёт таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд. Ин нукта дар мулоқоти Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо Вазири замин, инфрасохтор ва нақлиёти Ҷумҳурии Корея Ким Юн Док, ки дар Сеул баргузор шуд, баён гардид.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки мулоқот дар доираи иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорабиниҳои сатҳи баланд дар Ҷумҳурии Корея доир шуд. Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои густариш ва таҳкими ҳамкории дуҷониба дар соҳаи нақлиёт, рушди инфрасохтори нақлиётӣ, омодасозӣ ва такмили ихтисоси кадрҳо, инчунин татбиқи ташаббусҳои муштаракро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди ҳамкории судманд бо Ҷумҳурии Корея дар самти навсозӣ ва рушди устувори соҳаи нақлиёт таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд. Дар ин замина таҷриба ва технологияҳои муосири Корея метавонанд дар рушди минбаъдаи низоми нақлиётии Тоҷикистон нақши муҳим дошта бошанд.

Дар доираи мулоқот ду санади муҳими ҳамкорӣ ба имзо расид, ки ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи роҳи оҳан ва омӯзиш, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси мутахассисони соҳаи нақлиёт, метро, баргузории семинарҳо, омӯзишҳо ва дигар барномаҳои рушди иқтидори кадрӣ мусоидат менамояд. Ба имзо расидани ин ду санади муҳим барои густариши ҳамкории соҳавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея заминаи хуб фароҳам оварда, ба таҳкими робитаҳои дуҷониба, табодули таҷриба ва татбиқи ташаббусҳои муштарак дар соҳаи нақлиёт мусоидат хоҳад кард.

Ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи муколама ва таҳкими ҳамкории минбаъда ҷиҳати рушди соҳаи нақлиёт ва инфрасохтори ҳар ду кишвар изҳор намуданд.

АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 16, 2026 17:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд